logo

сиёсат

НУРОБОД: ЗИЁИЁН ДАР КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ НАҚШИ НАЗАРРАС ДОРАНД

Нақши аҳли зиё, бахусус қаламкашону ҳунармандон ва омӯзгорони пуртаҷриба тайи солҳои охир дар бурдани корҳои фаҳмондаҳию таблиғотӣ назаррас гардидааст. Зиёиёни ноҳияи Нуробод пайваста дар чойхона - фароғатгоҳҳои деҳаҳо байни аҳолӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию тундгаро, риояи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин дар хусуси моҳияти раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасту вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд.
Зафарҷон Ҳисориев, раиси комиссияи ҳавзавӣ, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки ҳавзаи раъйпурсии Нуробод № 10 аз  9 нафар аъзои комиссия иборат мебошад. Дар назди ҳавза   52 участкаи раъйпурсӣ таъсис дода шудааст. Комиссияҳои участкавӣ аз 7 то 9 нафарӣ иборат буда, дар маҷмӯъ 427 нафарро ташкил медиҳанд. Мувофиқи баҳисобгирии умумии пешакӣ дар ҳамаи участкаҳои раъйпурсӣ 36945 нафар овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст. Бештари аъзои комиссияҳои участкавиро зиёиён, бахусус омӯзгорон ташкил медиҳанд.
Участкаҳои раъйпурсии ҳудуди ҳавза бо маводи лозимӣ ва гӯшаю овезаҳо ҷиҳозонида шудаанд. Аз тарафи комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ маводи лозимӣ, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  дастурамалҳо, овезаҳо ва хабарномаҳо дастрас гардида, ба комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ тақсим карда шуданд.
Аъзои комиссияи ҳавзавӣ ва комиссияҳои участкавӣ  дар якҷоягӣ бо зиёиён дар ҳамаи чойхона - фароғатгоҳҳои деҳаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ роҷеъ ба моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун) - и Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фаъолона иштирок намудани онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.
Дар ҳамаи участкаҳои раъйпурсӣ навбатдории аъзои комиссияҳои участкавӣ ташкил гардидааст.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.05.2016    №: 85    Мутолиа карданд: 439

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед