logo

сиёсат

МУЛКИ ОБОД - ХОНА ВА ЗИНДАГИИ ОБОД

маъракаи муҳими сиёсиро бояд бо ҳамин эҳсосот  истиқбол намоем
Дар саросари  кишвар омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ, ки рӯзи 22 май баргузор мегардад, муташаккилона идома дорад.  Хабарнигори рӯзнома дар робита ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо чанде аз кормандони соҳаҳои  маориф ва тандурустии кишвар  ҳамсуҳбат шуд. Инак, фишурдаи андешаҳои онҳо:

Амонулло Салимов,
ректори  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шотемур: 
Маъракаи муҳими сиёсие, ки мардуми кишвар аз баргузории он ояндаи боз ҳам дурахшони Ватани азизамонро интизоранд, баҳри беҳдошти зиндагӣ ва хушбахтии ҳар як сокини кишвар заминаи мустаҳкаме хоҳад гузошт.      
Бузургони  илму  маърифат  то  ба  замони  мо  ҳам волидайнро  сутуни  хонадон   баҳогузорӣ  намуда,  нақши  онҳоро  дар  тарбияи  фарзандони  накухӯю  солимақл  ва  соҳибмаърифат  хеле  муҳим  донистаанд.  Падару  модар  дар  саргаҳи   ташаккули   маънавиёту  ҷаҳонбинии  фарзандон  қарор  доранд ва фарзандон  бошанд,  оламро  бо  чашму  дили  волидайн  дарк  мекунанду  муносибати  хешро   бо  муҳити  атроф  аз  дидгоҳи  падару  модарон  муайян  месозанд.  Аз ин  рӯ,  дар  шароити   ҷаҳонишавӣ   ин  масъала   аҳамияти  бештареро   касб  кардааст. 
Вобаста   ба  тезутунд  шудани   авзои  сиёсии ҷаҳон ва  коста  гаштани  маънавиёти  бархе аз ҷавонон  моро  зарур  аст, ки  ба  масъалаи   эҳтироми  падару  модар  аз  ҷониби  фарзандон, хусусан  аз  ҷониби  фарзандони  болиғу  қобили  меҳнат  эътибори  ҷиддӣ  диҳем.  Бо  назардошти   чунин  маънӣ   дар  сархати  дуюми   моддаи  34-уми  тағйиру  иловаҳо ба  Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии  Тоҷикистон омадааст: «Падару  модар   барои  таълиму  тарбияи  фарзандон  ва  фарзандони  болиғу  қобили  меҳнат  барои  нигоҳубин   ва  таъминоти  иҷтимоии  падару  модар   масъул мебошанд». Ба  андешаи  ман  ворид  гардидани   тағйиру  иловаи    мазкур  айни  муддао  ва  тақозои   муҳити  имрӯзаи   маънавии  кишвар  буда,   масъулияти   тарафайнро   нисбат ба якдигар  қавитар  мегардонад  ва  баъзе  ҷавонони  ноогоҳу  фориғболро   водор  месозад,  ки  дар  айёми  пиронсолӣ  асои   волидайн  бошанд  ва  дуои  неки  онҳоро   бигиранд. 

Аҳмадҷон Қӯқанов,
корманди соҳаи тиб, сокини ноҳияи Ёвон:
Ҳамаи мо дар арафаи як маъракаи ниҳоят муҳими сиёсӣ қарор дорем. Боварӣ дорам, ки мардуми кишвар  моҳияти раъйпурсиро  дарк намуда, онро ҳаматарафа  ҷонибдорӣ мекунанд. Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда бештар ба мукаммалу босамар  гардондани  низоми давлатдорӣ, фаъолияту ҳамкориҳои байниҳамдигарӣ ва рушди устувори  ҷомеа мусоидат мекунанд. 
Тағйиру иловаҳое, ки дар қисми шашуми моддаи 8,  қисмҳои якум ва сеюми моддаи 15, қисми якуми моддаи 28,  қисми сеюми моддаи 32, қисми дуюми моддаи 34 пешниҳод гардидаанд,  талаботи меъёрӣ буда, ба  пешрафти раванди рушди ҷомеа ва давлатдорӣ нигаронда шудаанд. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.05.2016    №: 85    Мутолиа карданд: 430

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед