logo

сиёсат

ПАНҶАКЕНТ 3337 НАФАР БОРИ АВВАЛ РАЪЙ МЕДИҲАНД

Ҳавзаи раъйпурсии Панҷакент № 30,  ки аз  136 участка иборат мебошад, дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ «Дар бораи ташкили комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 15 феврали соли равон ташкил ёфт. То имрӯз дар панҷ ҷаласаи  баргузорнамудаи худ оид ба тасдиқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, рӯйхати тақсими  вазифаҳо, навбатдорӣ ва  ташкили гурӯҳҳои таблиғотӣ қарорҳои дахлдор қабул кард.

Муовини раиси комиссияи ҳавзавии Панҷакент № 30 Фотима Рофиева дар иртибот ба раванди омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба «Ҷумҳурият» маълумот ироа намуд. Ба гуфтаи ӯ,  ҳафтае як маротиба ҷаласаи аъзои комиссияи  ҳавзавӣ гузаронда шуда, масъалаҳои омодагии участкаҳо ва нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосии марбут ба  раъйпурсии умумихалқӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Инчунин, бо мақсади инъикоси ҳамаҷонибаи ҷараёни омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ семинарҳои дастурдиҳӣ гузаронда мешаванд. Дар дафтари кори  ҳавза, ки дар Кохи фарҳанги шаҳр ҷойгир аст, воситаҳои зарурии техникӣ пурра таъмин мебошанд.
Шумораи раъйдиҳандагон 120 ҳазору  889 нафарро ташкил дода,  аз ин 3 ҳазору 337 нафараш бори аввал дар раъйпурсӣ ширкат  меварзад. Барои онҳо дар ҳар участка гӯшаи дастурдиҳӣ бо қоидаҳои умумӣ ташкил шудааст. Масъулони участкаҳои раъйпурсӣ рӯйхати шахсони бемору маъюбро тартиб дода, барои иштироки онҳо дар ин чорабинии сатҳи баланд тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар ҳар участкаи раъйдиҳӣ аз ҳисоби зиёиён, мутахассисони соҳаи ҳуқуқ  ва фаъолон гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ташкил шудааст.
- Мутасаддиёни ҳавзаи раъйпурсии Панҷакент № 30 баҳри иштироки муташаккилонаи раъйдиҳандагон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда кор мегиранд, чунки мардуми сарбаланди Панҷакенти бостонӣ дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсӣ ҳамбастагии хешро ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд ва ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами хеш мебошанд,- иброз дошт Фотима Рофиева.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.05.2016    №: 85    Мутолиа карданд: 351

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед