logo

сафарҳо

Сардори давлат дар вилояти Суғд

23 июни соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҳамчунин шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд сафар кард.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби барномаи сафараш то рӯзи 27 июн аз як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан карда, шумораи зиёди иншооти иҷтимоию фарҳангӣ,  энергетикию саноатӣ ва нақлиётию коммуникатсиониро, ки бунёдашон дар арафаи иди умумимиллии сулҳу ваҳдат  анҷом ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.
Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд    Президенти мамлакат    Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатоварӣ ва бунёдкорию созандагӣ бо шодию сурур ва дилхушиҳои аҳли ҷамоа истиқбол гирифтанд. 
Ифтитоҳи пули азими 427 – метра, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанак бунёд ёфтааст, аз тантанаҳои нахустини идона дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ гашт.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ин пули азимро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод ва таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо сохтмон ва азнавсозии роҳу пулҳо ва нақбҳо, ки дар тамоми гӯшаю канори мамлакат босуръат ва сифати баланд идома дорад, рӯз ба рӯз ба марраи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ наздик мешавад.
Хотиррасон бояд намуд, ки сохтмони ин пул дар болои дарёи Сир аз ҷониби Ширкати сохтмони роҳ ва пулҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин (Чайна Роуд) моҳи сентябри соли 2007 оғоз ёфта буд.
Бари умумии пул 10 метр ва қисми мошингардаш  8 метр буда, аз ду тараф ба андозаи 1 -метрӣ роҳи пиёдагард дорад.
Пули мазкур яке аз 15 кӯпрукест, ки мутобиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак дар қитъаи № 4 бо харҷи 14,7 миллион  доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст.
Иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими ба истифода додани бинои нави Маркази вилоятии солимгардонии шараёну дил дар шаҳри Хуҷанд ва сӯҳбатҳои дилнишинашро бо кормандони он метавон нишонаи таваҷҷӯҳ ва ғамхории  доимӣ ба соҳаи тибби мамлакат арзёбӣ намуд.
Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки ин бино аз ҷониби ҶММ «Бунёд» бо харҷи 2,3 миллион  сомонӣ бунёд ёфтааст.
Дар чаҳорчӯби ҳамин лоиҳа ҳамчунин 4 бинои пешинаи Маркази солимгардонии шараёну дил аз таъмири асосӣ бароварда шуда, шумораи умумии катҳои он ба 75 адад расонда шуд.
Зимни суханронӣ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин мужда расонд, ки ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд бо харҷи 44 миллион сомонӣ сохтмони боз ду табобатхонаи нави муосир оғоз меёбад.
Худи ҳамин рӯз Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои 9 – қабатаи истиқоматӣ иштирок карда, аз ҷараёни корҳои созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд,  муҳайё гаштани ҷойҳои корӣ ва соҳиби хона шудани 36 оилаи кормандони соҳаҳои буҷетӣ  изҳори хушнудӣ намуд.
Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки бинои мазкур бо харҷи 7 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, иборат аз 2 хонаи 2-ҳуҷрагӣ ва 34 хонаи 3-ҳуҷрагӣ аст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз як зардолубоғи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карда, аз ҳосили фаровони он  ва рафти хушкнамоии зардолу изҳори хушнудӣ намуд.
Зимни боздид зикр гардид, ки имсол дар ҳудуди вилоят 1700 гектар боғҳои нав бунёд ёфтаанд. Қисмати зиёди онро зардолубоғ ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол барои васеъ намудани майдони зардолубоғҳои ҷумҳурӣ дар заминҳои 7 хоҷагии ниҳолпарварии ҷамъиятӣ наздики 700 ҳазор  навниҳоли зардолу парвариш меёбад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон зардолуро яке аз меваҳои асосии содиротии Тоҷикистон номида,  дастур дод, ки майдони зардолубоғҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар зиёд карда шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 758

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед