logo

сиёсат

Ш. ЗУҲУРОВ: «ПАЗИРУФТАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ИРОДАИ МАРДУМ ВОБАСТА АСТ»

Дар ҷамъомаде, ки бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораю муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид, омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифт.

Раиси Маҷлиси намояндагон доир ба аҳамияти раъйпурсии умуихалқӣ сухан ронда, гуфт, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат, барои мукаммалсозии меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз равона гардида, ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва стандартҳои байналмилалӣ созгор мебошанд.
- Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон, тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд, - зикр кард Шукурҷон Зуҳуров. - Тағйироти пешниҳодшуда воқеан ҳам ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равандҳои демократисозии ҳаёти ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин, бо назардошти рушди забони давлатӣ ва қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба қоидаҳои нав мутобиқ гардонда шавад.
Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ин мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад. Тағйироти пешбинишуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар якҷоягӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд.
- Ба моддаи якуми Конститутсия қисми дуюм илова ворид карда мешавад. Тибқи он шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ ифода мегардад, - гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Қобили зикр аст, ки ҷумҳуриҳо президентӣ, парламентӣ ва омехта (президентӣ - парламентӣ ё парламентӣ – президентӣ ) мешаванд. Ин хусусияти ҷумҳуриҳо маъмулан дар конститутсияи онҳо дарҷ карда мешавад.Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ буда, президент дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда дорад.
Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин, роҷеъ ба тағйиру иловаҳои марбут ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсии давлатҳои дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, масъулияти падару модар барои нигоҳубин ва таълиму тарбияи фарзанд, нигоҳубини падару модарон аз ҷониби фарзандон, пешниҳод ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал сухан ронда, таъкид намуд, ки пазируфтани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, албатта, ба иродаи халқи Тоҷикистон вобаста мебошад.
Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳори бовар намуд, ки барои дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби роҳбарият ва мардуми шарифу сарбаланди Хатлон тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.05.2016    №: 85    Мутолиа карданд: 388

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед