logo

сиёсат

МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ: АЗ ДИПЛОМ ТО ШОҲҶОИЗА

Чандест, ки дар асоси Амри Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ ҷараён дорад.

Раванди омодагӣ ба мусобиқаи мазкур дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар суҳбати хабарнигори рӯзнома бо котиби Комиссияи ҷумҳуриявӣ Ёқуб Исмоилзода матраҳ гардид.         
- Имрӯзҳо дар 13 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ дар асоси Амри Президенти ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Дар шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод, Рашт, Лахш ва Сангвор ҳайати комиссияҳо бобати гузарондани ин мусобиқа интихоб шуда, дар самти дарёфт ва пешниҳод намудани деҳа, маҳалла, хонаи беҳтарин ва оилаи намунавӣ самаранок фаъолият бурда истодаанд.
Даври аввали мусобиқа дар сатҳи шаҳраку деҳот  аввали моҳи май натиҷагирӣ мешавад. Озмун дар чор давр гузаронида шуда, дар рӯзҳои ҷашнгирии 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мегардад. То имрӯз диплом, шаҳодатнома, нишони хотиравӣ ва Шоҳҷоиза мувофиқа ва тасдиқ гардидаанд.
Ҷамъбасти марҳилаи якум дар аввали моҳи май ва мукофотонидани ғолибон аз ҷониби комиссияҳои шаҳриву ноҳиявӣ охири ҳамин моҳ ба нақша гирифта шудааст.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.05.2016    №: 85    Мутолиа карданд: 496

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед