logo

иқтисод

ДАРВОЗ. ЧАРО ИМКОНОТИ МАВҶУДА БОСАМАР ИСТИФОДА НАМЕШАВАД?

Иқлими ноҳияи Дарвоз дар баробари дигар навъҳои мева барои парвариши лимӯ хеле мусоид аст. Замоне дар хоҷагии Роғаки  Ҷамоати деҳоти Нулванд шаст гармхонаи нигоҳубини лимӯ мавҷуд буд ва онҳо тариқи пойгоҳҳои обкаш аз дарёи Панҷ обёрӣ мешуданд. Истеҳсоли меваҳои дигари ситрусӣ низ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буд.  Дар ҳоле ки роҳҳои мошингард мисли имрӯз обод набуданд, як қисми маҳсулот  ба дигар шаҳру навоҳии Бадахшон  ворид мегашт. 
 
Барои рушди ин ҷодаи афзалиятнок аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Институти биологии Помири Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд. Дар дашти Роғак ва деҳоти гарми ноҳия сокинон ба ситруспарварӣ, пеш аз ҳама лимӯпарварӣ рӯ овардаанд. Лимӯпарварон Бачахон Миров ва  Ғозӣ Шодиев  соле зиёда аз 1 тонна ҳосил мегиранд. Аммо самаранокии соҳа нисбат ба солҳои пешӣ хеле кам аст. Зеро аз боду ҳавои мусоид ва шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда намешавад.
Ҳайдаршоҳ Акбаров, мутахассиси соҳа, афзалияти лимӯпарвариро чунин тавзеҳ дод: - Аз якчанд буттаи лимӯ  метавон ҳосили бисёр гирифт. Дар як порча замини назди ҳавлӣ то 40 - 50 адад буттаи лимӯ бемалол меғунҷад. Барои сохтани лимӯхона ҳамагӣ  8 - 10 дона арматура,  3 - 4 халта семент, чанд метр   матои полиэтиленӣ ва каме  санг лозим меояд.
Дар  минтақаи илмӣ – таҷрибавии дашти Роғаки Институти биологияи Помири Академияи илмҳои мамлакат даҳҳо намуди лимӯ парвариш меёбад ва кишоварзон метавонанд аз он самаранок истифода баранд. Ҳамчунин, кормандони  маркази илмӣ - тадқиқотии номбурда бо роҳбарии  доктори илмҳои биологӣ Амиршоҳ Маҳрамов омодаанд ба деҳқонон оид ба парвариши  лимӯ ва дигар меваҳои ситрусӣ – анор, анҷир, ангур, хурмо машварати судбахш диҳанд. Кишоварзон бо истифода аз шароити мавҷуда  метавонанд даромади зиёд ба даст оранд.

Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.05.2016    №: 86    Мутолиа карданд: 463

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед