logo

иҷтимоиёт

БЕМОРХОНА ТАНҲО ҶОИ ТАБОБАТИ ДАРДҲОИ ҶИСМОНӢ НЕСТ

Мушоҳидаҳое, ки дар беморхонаи  «Қарияи боло» - и  шаҳри  Душанбе  намудам, маро ба  андешаҳо водор  сохт.  Ба худ фикр кардам, ки  ин манзараву мушоҳидаҳоро  бояд  навишт.

Субҳи барвақт  буд, ки аз садои ҳампалатаам бедор шудам. Ӯ, ки табиатан зани ором буд, ғайричашмдошти ман ба сари шавҳараш дод мезад:  «Барои чӣ инҳо  (коргарони беморхонаро дар назар дошта) маблағ талаб мекунанд, магар пули ба сардухтур  супоридаамон  кам аст? Чаро бояд ҳар нафаре аз кормандон пул талаб карда бошад. Яке  пули  ҳуҷраи  хоб,  дигаре  пули  хизмати фаррош,  сеюми пули ҳамшираи навбатдор...
Инсоф  ҳам чизи хуб аст. Магар онҳо намедонанд, ки писарамон дар кадом ҳол аст. Наход ҳис накунанд, ки ҳамин як дорупулӣ  якмоҳа  хӯроки оилаамон  мешавад?
Шавҳарашро пеши ҷаҳли ӯ ноилоҷ дида, наздиктар нишастаму хостам тасаллояш диҳам.
- Ором шавед, апаҷон.  Ин рӯзҳо мегузаранд, муҳим писарчаатон шифо ёбад… Вале зан, ки аз аспи ҷаҳл фаромаданӣ набуд, якбора оташ гирифтагӣ барин идома дод:  «Чӣ  тавр ба ин  чашм пӯшам, дар  ҳоле, ки кор то ба ин  дараҷа расидааст. Барои аз даст надодани писарам  ҷонамро медиҳам. Вале монанд аввал ғами писарам яктарафа шавад, ду баробари хостагиашон одамгарӣ мекунам. Охир  ғами бемории кӯдакам  бароям  кифоят  мекунад,  таҳаммули  чунин  даъвоҳоро  надорам.
Дар вуҷуди баъзеи инҳо нишоне ҳам аз меҳру шавқат намондаст. Боз шарм накарда  мегӯянд: «Мо ҳаққи худро талаб карда истодаем». Кадом  ҳақ? Худашон инро намефаҳманд. Маоше, ки аз тарафи давлат мегиранд,  ҳақ нест магар?».
Дар бораи ҷаҳли ин модари ноилоҷ дертар фикр кардам. Вақте ки ҳама гӯйё фаромӯш шуда буду дар рӯ ба рӯям бо писарчаи акнун ба худ омадааш хушҳолу кӯдаквор бозӣ мекард.
Агарчи ӯ дар сари ҷаҳл гуфта буд, дуруст гуфт. Худам шоҳид будам, ки шавҳараш рӯзи дуюми ба палатаи мо омадани зан «ҳаққи духтур» гуфта чанд сомонӣ ба дасти ӯ дода буд. Ва ҳар миқдори дигаре, ки мегуфтанд, баробари ӯ ману нафари сеюм низ медодем: ҳам пули ҳамшираҳо, ҳам аз фаррош ва ҳам аз ҷойи хоб.
Инро ҳамагон мебинанд ва медонанд, вале нодида мегиранд. Зеро дар  ҳолате ба ин масъала рӯ ба рӯ  мешаванд, ки маргу зиндагӣ  аз гиребони якдигар доштаанд.  Дар ин ҳолат аксарият аз пулу мол ва арзиши он фикр намекунанд. Баъзеҳо дилашонро  холӣ  карда  ҷанҷол мекунанд, вале  ин ҳанӯз роҳи ҳалли масъала нест. Балки мавзӯи доғест, ки аз масъулон ҳалли  оқилонаро  тақозо менамояд. Беморхона танҳо ҷойи табобати дардҳои ҷисмонӣ нест. Он ҷо хоҳем нахоҳем дардҳои маънавиро низ табобат бояд кард. Беморхона ҷойест, ки мубодилаи афкорро тавлид мекунад ва вазифаи ҷонии масъулон аст, ки ана ҳамин афкор солим бошад, на баръакс. Зеро шоҳидони ҳол дар баробари ҳар як фарди хилъати сафедпӯш ҳамчунин ба сохторҳои давлатӣ ва соҳаи тандурустии он низ баҳо медиҳанд. Ҳамин тавр не?!
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.05.2016    №: 86    Мутолиа карданд: 380

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед