logo

фарҳанг

КИНОТЕАТРҲО ФАЪОЛ НЕСТАНД, ЧАРО?

Ҳангоми аз кӯчаи Шевченко гузаштан чашмам ба бинои вайронае афтод, бо деворҳои  аз ним рехта, ҳар гуна навиштаҷот ва аксҳо. Ин гувоҳӣ аз он медод, ки дар гузашта макони фарҳангие будааст. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту ба наздаш рафтам, дидам, ки дохилаш пур аз партов, дар назар мисли биноҳои садсола метофт.

Аз бошандагони он ҷо пурсон шуда фаҳмидам, ки ин бинои кинотеатри тобистонаи «Ташкент»  будааст. Кинотеатре, ки як замон дараш ба рӯйи тамошобинон боз буду хуб фаъолият дошт. Ҳоло ҷои ахлотпартоии сокинони  атрофи он гардидааст. Ин ҳолат маро ба андеша водор намуд, ки чаро имрӯз мардум ба кино ва  театр кам таваҷҷуҳ доранд. Шояд ин кохҳои фарҳангӣ наметавонанд сокинонро ҷалб кунанд. Ҳадаф аз навиштаҷот на дар бораи ин як бинои хароб, балки  бетаваҷҷуҳии мардум нисбат ба кинотеатрҳост.  Гарчанде ки имрӯз мардум аз антеннаҳо  ва интернет  истифода мебаранд, аммо тамошои кино дар кинотеатр таъсиру завқи дигар дорад.
 Мушкилӣ дар фаъолияти кинотеатрҳо зиёд аст,  - мегӯяд сардори  Корхонаи воҳиди давлатии   «Тоҷиккино» Маҳмадкарим  Соҳибов. - Аз ҷумла таъмир намудани  бинои кинотеатрҳо, набудани  таҷҳизоти  замонавӣ  барои           фаъол гардондани намоиши кино ва набудани муассисаҳои таълимии соҳаи киноматография. Корхонаи «Тоҷиккино» худмаблағгузор буда, бинобар сабаби норасоии маблағ   ин корҳо ба таъхир гузошта шудаанд. Барои таъмири биноҳои фарсуда  ва таъмини кинотеатрҳо бо таҷҳизоти нави муосир чораҷӯӣ  карда истодаем. Гарчанде дар фаъолияти кинотеатрҳо мушкилиҳои зиёд ба назар мерасанд,  бо вуҷуди ин ҳам,  ҳамарӯза филмҳо ба намоиш гузошта мешаванд. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе бештар  аз 10 адад кинотеатр фаъолият доранд. Инҳо кинотеатрҳои «Ватан», «Тоҷикистон», «Ситора»,  «Зебуннисо», «Ҷавонон»  ва кинотеатри «Наврӯз», ки дар дохили Кохи Наврӯз ҷойгир аст ва ғайра. Кинтеатрҳои «Ситора», «Зебуннисо» ва «Тоҷикистон» дар ихтиёри «Тоҷиккино» буда, дар онҳо бештар филмҳои ватанӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Бино ба иттиллои Фирдавс Одинаев, корманди кинотеатри «Ҷавонон»,  дар он тамошобин бениҳоят кам буда, танҳо филмҳои хориҷӣ ба намоиш гузошта мешаванд, аммо сарвари кинотеатри «Наврӯз» Бахтиёр Назариён изҳор дошт, ки дар кинотеатри онҳо тамошбин кофист. Барои боварӣ ҳосил кардан соати муайяни пахши филмро гирифта, дар вақти муқарарӣ ба  он ҷо рафтам. Намоиши филми «Книга джунглей» буд. Ба ҳар ҳол тамошобин дида мешуд, яъне як нисфи толор пур шуда буд. Филм, ки бештар ба хурдсолон тааллуқ дошт, аксари волидайн бо  кӯдаконашон омада буданд. Ростӣ тамошои филм дар  экрани калон ва толори барҳаво  ҳаловати дигар мебахшад. Бачаҳо  бо як шавқи беандоза маҳви  тамошои филм буданд.
Нархи чипта барои  ак нафар 20 - 25 сомонӣ будааст. Дар кинотеатрҳо нархи чиптаҳо баланд ҳастанд гӯем, хато намекунем. Агар чиптаҳо арзонтар шаванд тамошобинон зиёд мешаванд. Хуб мебуд, ки кормандони кинотеатрҳо ба интихоби филмҳо таваҷҷуҳи махсус медоданд. Филмҳоеро ба намоиш гузоранд, ки тамошобинро ҷалб намояд, яъне дар баланд бардоштани завқи эстетикии онҳо таъсир расонда тавонанд. Имрӯз дар кишварҳои тараққикардаи дунё мардум ҳамоно ба тамошои кино дар театр рағбат доранд. Чаро мо, ки меросбарони миллати соҳибтамаддунем, аз ин ҷузъи ҷудонопазири фарҳанг дар канор бошем? 

Малика УРФОНОВА, рӯзноманигор


Баёни ақида (1)    Санаи нашр: 5.05.2016    №: 86    Мутолиа карданд: 573

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед