logo

иҷтимоиёт

ПИЁЛА АГАР НОШИКАСТА БОШАД...

Оила рукни асосии давлату давлатдорӣ буда, пойдевори асосии ҷамъият ба шумор меравад. Ин пойдевор танҳо дар сурате мустаҳкам мешавад, ки аз муоширати хуби хонаводагӣ, якдигарфаҳмии аҳли оила, оқилона бартараф намудани мушкилот маншаъ бигирад. Ҷойи таассуф аст, ки имрӯзҳо зӯроварӣ, хушунат ва таҳдиду беҳурматӣ дар оила, хусусан оилаҳои ҷавон зиёд ба назар мерасад, ки ин воқеан ҳам нигаронкунанда аст. Зеро ки оилаи носолим оҳиста-оҳиста ҷомеаи носолимро ба бор меоварад.

Зӯроварӣ ё хушунати хонаводагӣ сараввал ба мафкураи кӯдакони оила зарари ниҳоят ҷиддӣ расонда, фикру афкори онҳоро заҳролуд месозад ва дар ояндаи начандон дур ин «дарахти наҳс» меваҳои талх хоҳад дод. Он гоҳ маҷбурем коми худро бо ин «дастранҷ»-амон талх созем. Аслан хушунат аз ҷониби мардон нисбат ба занон бештар дида мешавад, ки ин ҷоҳилие беш нест. Наметавон ба ақли солим ҷой дод, ки чӣ тавр метавон зан – як ҷинси латифро мавриди лату кӯб қарор диҳӣ, он ҳам то ҳадде, ки мадори роҳ рафтану сухан гуфтанашро аз даст бидиҳад.
Камбудиву норасоӣ ва нофаҳмӣ дар ҳама ҷо ҳаст. Агар аз ақл кор бигирем, метавонем ҳамаи ин мушкилотро ба хубӣ бартараф созем. Аммо, мутаассифона, баъзан ба ҷойи ин ба зӯроварӣ афзалият дода мешавад. Чаро? Ба ин суол, ки чун муаммои беҷавобест, кӣ посухи дуруст хоҳад гуфт? Мардон ё занон? Меандешам, ки ҳар ду. Зеро дар эҷоди мушкилиҳои хонаводагӣ «саҳм»-и занон низ назаррас аст. Агар зан босаводу бомаърифат бошад, метавонад фикру ақидаи носолими марди хонаро дигаргун созад. Дар ҳалли мушкилоти ба сари шавҳар омада аз ҷиҳати маънавӣ ё шояд аз ҷиҳати моддӣ кумак расонад. Пӯшида нест, ки баъзе мардон баррасии бештари муаммоҳоро бо занон лозим намебинанд. Ҳол он ки занҳо ҳам метавонанд тасмими дуруст бигиранд, сухани бамаврид бигӯянд… Ана ҳамин бетафовут буданҳо низ як навъ хушунат аст, хушунат ба худ ва ояндаи фарзандон, ки натиҷааш азҳампошии оила мебошад. Пас, занону мардони моро мебояд нахуст сари ин масъалаҳо андешанд. Савод андӯхтан ва ба якдигар меҳрубон будан дар оила шарти зарурӣ мебошад. Оила бошад, як рукни муқаддаси ҷомеа маҳсуб меёбад. Он муваққатӣ ё ивазшаванда буда наметавонад.

А. ШАҲРЗОД, шаҳри Қӯрғонтеппа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.05.2016    №: 86    Мутолиа карданд: 468

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед