logo

иқтисод

БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

Боғу токпарварӣ яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва заминаи бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ буда, рушди он солҳои охир дар сатҳи устувор қарор дорад.

Аз ҷумла дар шаҳри Ҳисор бо истифода аз таҷрибаи мамолики пешрафтаи кишварҳои Аврупо ҷиҳати бунёд намудани боғҳои интенсивӣ бо технологияҳои пешрафтаи замонавӣ ва дар ин замина истеҳсол  намудани  маҳсулоти ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Айни ҳол дар майдони зиёда аз 30 гектари ҳудуди ноҳия боғҳои интенсивӣ бунёд ёфтанд.
Сардори раёсати кишоварзии шаҳр Абдусалом Ҳамдамов дар бораи  афзалияти боғҳои интенсивӣ иброз дошт,  ки ниҳолҳои ин боғҳо дар соли якуми сабзиш аллакай қисман ва дар соли чорум пурра ҳосилдеҳ мешаванд. Ҳосилнокӣ нисбат ба боғҳои муқаррарӣ  3 - 4 баробар зиёд буда, аз 1 гектар  то 60 - 70 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Ҳамчунин, дарахтони боғҳои интенсивӣ  серҳосил, меваашон хуштаъму ба бозор рақобатпазир ва  барои содирот  мувофиқ мебошад. Маҳсулоти ин боғҳо ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯанд ва  онҳоро муддати дароз нигоҳдорӣ намудан низ имконпазир  аст.
Бо мақсади рушди босамари ин соҳаи манфиатбахш  дар асоси Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020 дар шаҳри Ҳисор бояд дар майдони 2966 гектар боғу токзори нав бунёд карда шавад. Дар ин боғҳо асосан ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи  содиротиро  парвариш карданианд.
Моҳи феврали соли ҷорӣ Сарвари давлат бо мақсади бунёди боғи «25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» дар Ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳр сафари корӣ намуданд, ки ҳадаф аз ин сафар идомаи мантиқии татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, дар ҷараёни он дар майдони 340 гектар ниҳолҳои мевадиҳанда шинонда шуд.     Мусоид омадани обу ҳавои соли ҷорӣ барои боғпарварони шаҳр имкон фароҳам овард, ки  то 1 апрел дар майдони 516 гектар боғу токзори нав бунёд намоянд. Барқарорсозии  боғҳои куҳна низ идома дошта, дар оянда майдони боғу токзор боз ҳам васеъ карда мешавад.
Моҳи октябри соли сипаригашта, дар арафаи ҷашни 3000 - солагии Ҳисор Сарвари давлат ҳангоми боздид аз боғи интенсивии ҶДММ «Ситабр Агро»  дастур доданд, ки ҷиҳати рушди соҳа ва талаф наёфтани ҳосил  барои нигоҳдории  3000 тонна маҳсулот сардхона бунёд намоянд. Зеро мушкили умдае, ки  дар назди деҳқонону кишоварзон дар вақти ғунучини ҳосил  пеш меояд, ин беталаф ҷамъоварӣ намудан ва ба харидор супурдани ҳосил мебошад.               
Бо ташаббуси кормандони ҷамъият сардхонаи дорои шароити замонавӣ  дар арафаи ҷашни 3000 - солагии Ҳисор ифтитоҳ гардид. Инчунин, барои нигоҳдорӣ, захираи мева, ангур ва сабзавот дар шаҳр як сардхонаи замонавӣ бо иқтидори 1000 тонна маҳсулот мавҷуд мебошад. Аз ҷониби соҳибкорон Зариф Ашуров ва Зафар Олимов низ ду сардхона сохта ба истифода дода шудааст, ки ғунҷоишашон аз 50 то 200 тонна маҳсулот аст. Дар ин замина, тибқи Барномаи рушди Ҳисор як қатор соҳибкорони шаҳр тасмим гирифтаанд, ки баҳри нигоҳдорӣ ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ сохтмони сардхонаҳои навро ба роҳ монанд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.05.2016    №: 86    Мутолиа карданд: 494

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед