logo

иҷтимоиёт

БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ

Мувофиқи иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 30 марти соли равон дар 61 давлати ҷаҳон пайдоиши вируси Зика ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин паҳншавии зукоми паранда, H1N1, табларзаи Эбола ва вируси роҳи нафаси ховаримиёнагӣ ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Дар ҳолате ки ҳамарӯза шаҳрвандони хориҷӣ тавассути фурӯдгоҳ ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ҳомили бемориҳои мазкур нестанд? Назорат ва муоинаи онҳо чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?

Миралӣ Камолов, сардори раёсати назорати давлатии эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар посух иброз дошт, ки ҳоло дар 16 гузаргоҳи сарҳади давлатӣ нуқтаҳои карантинии санитарӣ, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва вокзали роҳи оҳани пойтахт фаъолият доранд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд таҷҳизоти муосири замонавӣ,  аз қабили термоскамера гузошта шудааст, ки ҳамаи мусофирон аз онҳо мегузаранд. Ҷиҳоз таби баландро ба қайд мегирад. Гумонбар  зуд ба ҳуҷраи махсус гузаронда мешавад ва дар ҳолати ба ягон бемории сироятӣ гирифтор будан, тавассути мошинҳои махсус ба беморхонаи бемориҳои сироятӣ интиқол меёбад. Бинобар ин, бо боварии том метавон гуфт, ки ҳеҷ як ҳомили бемориҳои  хавфноки сироятӣ наметавонад сарҳади моро убур намояд. Он ҳатман зери назорат ва муоина гирифта мешавад.
 Мавсуф зикр кард, ки як қатор бемориҳои сироятӣ вобаста ба фаслҳои сол хуруҷ мекунанд. Чунончи, дар фасли зимистон бемориҳои шадиди роҳи нафас, зуком то моҳи март авҷ мегиранд. Аз моҳи апрел то сентябр, октябр бемориҳои рӯдаву меъда ва касалиҳои хавфнок, аз қабили таби хунин, сӯхтанӣ, ки манбаи асосии онҳо чорвост, ба назар мерасанд. Дар доираи далел ва ахборе, ки соли қаблӣ аз тамоми манотиқи кишвар ҷамъоварӣ шудааст, пешгӯӣ кардан мумкин аст, ки моро имсол чӣ интизор аст. Бинобар ин, пеш аз авҷгирии бемориҳои сироятӣ дар ҳамон минтақае, ки қаблан сар зада буд, тавассути гузарондани ваксина садди роҳи онҳо гирифта мешавад. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ фаъолият доранд, ки мутахассисон маълумоти ҳаррӯза, ҳафтаина ва моҳонаро  ба хадамот мерасонанд ва дар сурати  пайдоиши бемориҳои сироятӣ  зуд чораҳо андешида мешаванд.
- Дар ин самт, бо боварӣ метавон гуфт, ки мо ба комёбиҳои назаррас ноил шудем. Агар соли 1997 дар ҷумҳурӣ сӣ ҳазор нафар ба бемории домана гирифтор шуда бошад, ин шумора дар соли 2015 то ба ҳаштод коҳиш ёфт. Агар ин аз як тараф андешидани чораҳои саривақтӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби хушсифати ошомиданӣ бошад,  аз ҷониби дигар дастрас намудани таҷҳизоти муосири ташхисиву баланд бардоштани дараҷаи касбияти мутахассисон аст, - мегӯяд сардори раёсат.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.05.2016    №: 86    Мутолиа карданд: 572

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед