иқтисод
МАҲСУЛОТ АГАР ПАСТСИФАТ АСТ, ЗАҲР АСТ
Тибқи иттилои Агентии “Тоҷикстандарт”, танҳо дар 3 моҳи аввали соли равон 1661,5 тонна маҳсулот, аз ҷумла 593,8 тонна маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ ошкор ва аз муомилот боздошта шуд. Аз ин миқдор 1067 тоннааш маҳсулоте мебошад, ки аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ нест.
Бино ба иттиллои Назрулло Шарифзода, сардори нозироти савдои Агентии “Тоҷикстандарт”, ин маҳсулот асосан гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, равған, чой, хурмо, шириниҳои гуногун, сабзавоти консервшуда, мева ва нӯшокиҳои ташнашикан мебошанд ва бештари онҳо аз хориҷ ба кишвар ворид шудаанд.
Дарвоқеъ, ҳифзи бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти пастсифат ва риояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз масъалаҳои доғи рӯз аст. Зеро истеъмоли маҳсулоти пастсифату хатарнок ва муҳлати истеъмолаш гузашта ба саломатии инсон зарар дорад. Он ҳатто метавонад боиси марги инсонҳо гардад. Мутаассифона, баъзе аз соҳибкорон ба хотири манфиати шахсии худ чунин маҳсулотро ба кишвар ворид ва ба истеъмолгарон пешниҳод мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки ба мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулоти хатарнок ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон соли 2014 низомномаи техникии “Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ” қабул гардид. Тибқи он маводи ғизоие, ки аз хориҷ ба кишвар ворид мегардад, бояд бо забони тоҷикӣ низ тамғагузорӣ шавад. Талабшо Сангзода, сардори маркази ташхиси маҳсулоти хӯроквории агентӣ, гуфт, ки ин талабот аз ҷониби соҳибкорони воридкунандаи маҳсулот на ҳамеша риоя мегардад. Истеъмолкунанда бояд донад, ки дар таркиби маводи харидааш чӣ мавҷуд аст ва он моли куҷост.
- Аз анбори нуқтаҳои савдо дар баробари дигар маҳсулот миқдори зиёди чойи хушкро пайдо намудем. Дар натиҷаи ташхис кормандони агентӣ муайян намуданд, ки дар таркиби он хока, ҳиссаи зарраҳои хурд аз меъёр зиёд мебошанд. Ҳамчунин, дар дохили он порчаҳои магнитӣ ба назар расид, ки истеъмолаш ба сиҳатии инсон зарар дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки харидор ҳангоми харидории ин ё он маҳсулот аз фурӯшандаи он сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб намояд. Агар фурӯшанда чунин сертификат пешниҳод накунад, маълум мегардад, ки ин мол аз ташхис нагузаштааст ва ба талаботи меъёрӣ ҷавобгӯ нест, - мегӯяд Талабшо Сангзода.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.05.2016 №: 86 Мутолиа карданд: 605