logo

ҳуқуқ

ГУМРОҲӢ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Рӯ овардан ё пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз ҷумлаи мушкилаҳое маҳсуб меёбанд, ки боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд. Гузашта аз ин, вақтҳои охир дастгоҳи таблиғотии ин гурӯҳҳо фаъолтар гашта, бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ҷонибдорони худро барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ даъват менамоянд. Маҳз бо ҳамин роҳ баъзе ҳамватанони гумроҳу фиребхӯрдаи мо тавассути қаламрави дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия ба созмони террористии «Давлати исломӣ» ҷалб мешаванд.

Дар ин росто, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятиро нисбат ба шаҳрванд Ҳ. Хушқадамов аз рӯи моддаи 4011 (ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандон дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангии қаламрави дигар давлатҳо) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуд. Номбурда барои он айбдор дониста мешавад, ки ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ будан, моҳи июни соли сипаришуда шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Давлатовро, ки дар Федератсияи Русия кор мекард, барои шомил шудан ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва дар ин замина иштирок намудан дар амалиёти ҷангии давлати Сурия ҷалб кардааст. Баъдан, Ҳ. Хушқадамов барои харидани чиптаи ҳавопаймои самти Москва - Истанбул ӯро қисман бо маблағ таъмин намуда, 29 июн гусел мекунад. Ва, пеш аз хайрухуш ба Давлатов ҷузъиёти фаъолияти минбаъдаашро фаҳмонда, дар бораи роҳбаладе, ки убури ғайриқонунии ҷангиёнро аз давлати Туркия ба Сурия таъмин месозад, маълумот ироа доштааст. Вале, вақте ки Ҳ. Хушқадамов ба шаҳри Газантеп, воқеъ дар сарҳади Сурия, мерасад, корманди мақомоти қудратии Ҷумҳурии Туркия ӯро дастгир ва баъдан ба Тоҷикистон истирдод мекунанд.
Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, аз 1 апрели соли 2016, Ҳ. Хушқадамов дар содир намудани ҷинояти пешбиникардаи моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ҳафт сол, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт, таъйин гардид.
Агар Ҳ. Хушқадамов барои ҷалби ғайриқонунии шаҳрванд дар амалиёти ҷангии қаламрави дигар давлат равонаи зиндон гардида бошад, Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Қурбон Исматов дар асоси қисми 3 моддаи 32 - моддаи 4011 (суиқасди ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандон дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангии қаламрави дигар давлатҳо) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз намудааст. Ин ҳамватани мо барои он айбдор дониста мешавад, ки моҳи декабри соли гузашта тавассути барномаи «Роҳнамо ба сӯи Давлати исломӣ» -и радиои интернетии «Зелло» бо Абу-Шуҳайб ном шаҳрванди Тоҷикистон шинос шуда, бо тахаллуси Абу-Зубайр ҳамарӯза бо вай муошират мекардааст. Абу-Шуҳайб ӯро ба ҷиҳод даъват карда, мегуфтааст, ки ҷиҳод намудан дар роҳи ислом ба ҳар як мусулмон фарз аст. Ҳамзамон, ӯро барои шомил шудан ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» тарғибу ташвиқ ва мақсади «Хилофат» барпо намуданро пайваста таъкид мекардааст.
Тибқи иттилои Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Қурбон Исматов бо мақсади дар амалиёти ҷангии давлати Сурия иштирок намудан, 18 феврали соли равон тавассути ҳавопаймои хатсайри Москва - Истанбул ба давлати Туркия рафтанӣ шуда, худи ҳамон рӯз дар натиҷаи гузарондани фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонда шудааст.
Ҳамин тавр, ӯ новобаста аз иродааш мақсади ҷинояткоронаи худро то охир расонда натавонист. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, аз 15 апрели соли 2016, Қурбон Исматовро дар содир намудани ҷинояти пешбиникардаи қисми 3 моддаи 32 - моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро ба муҳлати шаш сол аз озодӣ маҳрум сохт.
Ҳамзамон, Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Асрорбек Давлатов аз рӯи қисми 3 моддаи 32 - моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристод. Ӯ ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ будан, дар сомонаи интернетии «Одноклассники» саҳифаи худро бо номи «АК47 - Shohmansurec» кушодааст. Вай баъди чанд муддат бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Абдураҳмон дар тамос шуда, пешниҳодашро дар бораи ба созмони экстремистӣ - террористии «Давлати исломӣ» пайвастан, пазируфтааст.
 Асрорбек Давлатов бо мақсади аъзои ин созмони террористӣ шудан ва дар амалиётҳои ҷангии давлати Сурия ширкат варзидан, 1 январи соли равон бо ҳавопаймои хатсайри Москва - Бишкек - Истанбул ба Туркия парвоз намудааст. Вале, нуҳ феврал ҳангоми тавассути автомашинаи кироя ба самти шаҳри Адана рафтан, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар дастгир мешавад.
Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, аз 15 апрели соли 2016, А. Давлатов дар содир намудани ҷинояти пешбиникардаи қисми 3 моддаи 32 - моддаи 4011 (суиқасди ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандон дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангии қаламрави дигар давлатҳо)  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати шаш сол таъйин мегардад.
Пешкаши хонанда гардондани ин парвандаҳои ҷиноятӣ ба он хотир аст, ки раванди хатарноки гароиши наврасону ҷавонон ва ё ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ дар маркази таваҷҷуҳи ниҳодҳои дахлдори кишвар қарор дорад ва дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешида шудаанд. Вале, набояд фаромӯш сохт, ки гирифтани пеши роҳи ин раванди нангину хавфнок ва ба роҳи рост ҳидоят намудани наврасону ҷавонон танҳо вазифаи сохтору мақомоти давлатӣ нест, балки қарзи ҳар як фарди солимфикру огоҳ, падару модарон, аҳли зиё ва ҷавонони аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ устувор низ бояд бошад. Ватанро дӯст доштан, ба қадри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонон бояд онҳоро сармашқи зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.05.2016    №: 86    Мутолиа карданд: 836

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед