logo

сиёсат

СУҒД. ҲАДАФИ МУСОБИҚА ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Ҷараёни татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани мусобиқа бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, маҳалла, хона ва оилаҳои намунавӣ» мавзӯи асосии иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд қарор гирифт.

- Сокинони шаҳру навоҳии вилоят ба хубӣ дарк мекунанд, ки беҳтарин армуғон ба ҷашни Истиқлолияти кишвар беҳтар кардани вазъи иқтисодиву иҷтимоии маҳал, деҳа, шаҳрак, шаҳр, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, иҷрои нақшаҳои барномавӣ, ободонию кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист, самаранок ва мақсаднок истифода бурдани неъматҳои табиат, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои тиб, маориф, фарҳанг, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад, - гуфт зимни суханронӣ Заробиддин Файзуллозода Қудрат, муовини раиси вилояти Суғд, раиси Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар вилояти Суғд.
 Мавриди зикр аст, ки амалисозии барномаи вилоятии «Соли 2016 - соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод», ки моҳи марти соли равон қабул шудааст, низ ба ҳадафҳои Амри Сарвари давлат ва вусъати мусобиқаи ҷумҳуриявӣ мусоидат мекунад.
Мусаллам аст, ки ченаки асосии рушди иқтисодиёт истеҳсолоти муътадил ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин замина дар вилоят соли равон бояд 140 коргоҳи хурду миёнаи тавлидотӣ бо муҳайё гаштани наздики 3 ҳазор ҷойи нави кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Дар семоҳаи аввали соли равон 40 коргоҳ ба фаъолият оғоз бахшид.
Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ аз ҷониби корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар масоҳати умумии 14,24 гектар заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабзу сояафкан ва дар масоҳати 4,7 ҳазор метри мураббаъ гармхонаҳо, парвариши гулу гулбуттаҳо ташкил ёфта, дар онҳо гулҳои гуногун парвариш ёфта, ба миқдори 1.2 млн. дона садбарг, канна, лола, гулбуттаҳо ва гулҳои ҳархела, дар шафати кӯчаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо шинонида шуд. Миқдори ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳандаи дар баҳори имсола шинондашуда, ба 340 ҳазор расид.
Нодира Мирзозода, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, иброз дошт, ки ҳоло миёни ҷавонзанону духтарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят вобаста ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ корҳои муассир ва нишонрас роҳандозӣ шудаанд. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят бо иштироки фаъолон, раисони маҳаллаҳо, ҷавонон ва занону духтарони хонашин ҷиҳати ободонӣ ва созандагӣ дар деҳот, деҳаю, маҳаллаи беҳтарин, хонаю оилаи намунавӣ вохӯриҳои судманду хотирмон баргузор шуданд.
Дар деҳоти Ғӯлакандоз, Гулхона, Деҳмой ва шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки зиёда аз 360 нафар фаъолзан, мушоҳидон, раисони Шӯрои занон ва занону духтарон таҳти унвони «Ободиву суботи ҷомеа аз оила аст» озмуни оилаҳои ҷавон гузаронда шуд. Дар ин росто бонувон барномаҳои «Ҳусни зиндагӣ», «Се насли як авлод», «Оила мазраест софу беғубор» - и телевизиони вилоятиро, ки ба устуворию хушбахтии оилаҳо мусоидат мекунанд, хуш мепазиранд ва меомӯзанд.
Дар ҳамаи муассисаҳо маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар авҷ аст. “Барои пирӯзӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ”, “Ободии хонаю маҳалла ободии Тоҷикистон аст”, «Фурӯғи шом», «Қарор ва иҷроиши он», «Равзанаи меҳр», «Соли 2016 - соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» - аз ҷумлаи он шиору овезаҳоеанд, ки мардумро ба фаъолияти созандагиву ободкорӣ даъват мекунанд.
Гурӯҳи корӣ оид ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки бо мақсади омӯзиши амиқи ҷараёни иҷрои мусобиқа ва расонидани кумаки методӣ бо амри раиси вилоят аз ҳисоби мутахассисон таъсис ёфтааст, рафти омодагӣ ба мусобиқаро дар маҳалла ва ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳо мавриди санҷиш қарор дод. Аз маълумоти пешниҳоднамудаи гурӯҳи корӣ бармеояд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо дар робита ба мусобиқа қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расонда шудааст. Аммо дар самти шинонидани дарахтон, гулу гулбутаҳо, гузарондани шанбегиҳо, тозаю озода намудани маҳаллаю кӯчаҳои асосӣ корҳои муайян ба анҷом расида бошанд ҳам, иҷрои воқеии қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо дар шаҳру деҳот боз ҳам беҳбудӣ металабад.
Бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва директорони корхонаҳои «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар боғи Камоли Хуҷандӣ ва маҳаллаи 20 - уми хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд семинари дастурдиҳӣ оид ба кабудизоркунӣ ва ободонӣ гузаронда шуд.
Муҳим, мардуми шарифи Суғд хуб дарк кардаанд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳадаф аз талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободию шукуфоии Ватан, зиндагии шоистаю хушбахтонаи ҳар хонадони тоҷик, ҳар сокини Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа омодагии комил мегиранд.  

Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.05.2016    №: 86    Мутолиа карданд: 420

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед