logo

сиёсат

ХАТЛОН: ОМОДАГИҲО ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАНД

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тадбирҳои судманд амалӣ гардида истодаанд.

Дар вилоят 25 ҳавза ва 1046 участкаи раъйдиҳӣ таъсис ёфта, бо сандуқҳои шаффоф, ҳуҷраҳои раъйдиҳӣ, дастурамал ва адабиёти зарурию маводи конселярӣ таъмин гаштаанд. Ҳамзамон, бо истифода аз матолиби беш аз 30 воситаи ахбори омма миёни 1 миллиону 480 ҳазору 597 раъйдиҳанда корҳои фаҳмондадиҳӣ васеъ ба роҳ монда шудааст.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни вохӯрӣ бо аъзои ситоди вилоятӣ таъкид кард, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия пешниҳодгардида, барои умури давлатдории мо дорои аҳамияти вижа мебошанд.
Раиси ситоди вилоятӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода иброз дошт, ки омодагии шаҳру ноҳияҳо таҳлил ва сатҳи огоҳии шаҳрвандон санҷида шуда, ба нафарони дахлдор баҳри боз ҳам тақвият ёфтани омодагиҳо маслиҳату дастурҳои муфид ироа гардидааст. “Фикр мекунам, ки дар ин ҷода мо мушкиле надорем ва нахоҳем дошт”, - баён намуд раиси ситоди вилоятӣ. 
Ислом Раҷабов, раиси ҳавзаи раъйдиҳии рақами 65-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Маҳмаддовуд Бузмаков, раиси ҳавзаи раъйдиҳии рақами 47-и шаҳри Сарбанд, тазаккур доданд, ки маводи зарурӣ ба участкаҳои раъйдиҳӣ расонда шудаанд. Аъзои участкаҳои раъйдиҳӣ хона ба хонаи сокинон гашта, теъдоди раъйдиҳандагонро муаяйн намуданд. Ба ҳар як узви участа фаҳмонда шуд, то дар рӯзи раъйдиҳӣ аз ақлу заковати хеш кор бигиранд ва, ҳамзамон, шаффофияти ин маъракаи муҳими сиёсӣ таъмин гардад.
Ба андешаи аъзои гурӯҳи корӣ сокинони вилоят зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конситутсияро хеле хуб дарк намуда, ба он омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Бовар дорем, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ муташаккилона ва дар сатҳи баланд мегузарад.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.05.2016    №: 86    Мутолиа карданд: 497

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед