logo

иҷтимоиёт

ЗИНДАГӢ. ДАР ПАСТИҲО ДАСТГИРИ ЯКДИГАР БОШЕМ

Аз хонавайронии оилаҳои ҷавон таассуф мехӯрему онҳоро сарзаниш мекунем, ки агар мақсад зиндагии бардавому ширу шакар набуд, пас чаро ақди никоҳ бастанд? Чаро қабл аз хонадорӣ наандешиданд, ки зиндагӣ пастиву баландиҳо дораду бояд дар ҳалли мушкилот сабур бошанду пуртоқат.

Аз падару бобоёни худ ибрат намегиранд, ки онҳо то имкони охирин мекӯшанд, оилаҳо вайрон нашаванд. Онҳо пурсабру тоқат буданду муросо доштанд ва панди волидону ашхоси хирадманд дар гӯш мушкилиҳоро паси сар мекарданд. Чунки оила барпо кардан дар баробари ба якдигар меҳру муҳаббат доштан ҳисси масъулият дар назди фарзандон мебошад. Ҳатто хонавайронии волидон, пеш аз ҳама ҷабру ҷафо барои фарзандон мебошад, на каси дигар. Кӯдакон ба гуфтаи пирони рӯзгордида «раҳрезу порез» мешаванд. Ҳафтае пеш, рӯзи истироҳат шоҳиди манзарае шудам, ки рӯи саҳфа оварда, ба хонандагон манзур карданаш айни савоб аст.
Ба хотири аз ҳавои серуну руҳафзо ҳаловат бурдан, ба лаби дарёи Душанбе рафтам. Шаб борон борида, ҳаво софу беғубор буд. Дар роҳрави кушоду озода қадамзанон ба маҷрои дарё нигариста, шукр мегуфтам, ки имсол бориши боронҳо бахайр асту мисли порсола ба ягон минтақаи кишвар хисорот нарасондааст. Даҳ – бист қадам  дуртар наврасеро дидам, ки дар як даст порае тунукаю дар дасти дигар арматури қатшудае роҳи мошингардро убур карда, онро аз девори  бетонии лаби дарё ба дарун партофт. Ба ин кори ӯ таваҷҷуҳ накарда, аз бараш гузашта рафтам. То пули бозори «Саховат», ки ҳоло дар таъмир аст, расида, пас гаштам. Дар ҳамон нуқта наврасро дидам, ки  бо се нафари дигар аз лаби дарё оҳанпораҳоро рӯи роҳрав мебароранд.
- А – ҳа, аз корхонаи он тарафи роҳ дуздӣ кардед – а? Ин ҷо оҳанпораҳоро ҷамъ мекунеду баъд… Ҳозир милисаро ҷеғ мезанам, ки  масъалаатонро бубинад, - гуфтам.
- Не, не, ака, ба Худо мо дузд нестем, - гуфт ҳамон навраси арматуру тунукаоварда.
- Дуздӣ кардед, аз ранги рӯятон маълум, - вагарна чаро онро пинҳон мекунед?
- Ака, мо ҳеҷ вақт дуздӣ намекунем. Дуздӣ гуноҳ аст, - гуфт навраси дигар. – Мо бо меҳнат пули ҳалол кор мекунем.
- Падару модар доред, онҳо ин кори шуморо медонанд?
Лаҳзае ҳама сар хам карданд.
- Мо, ака, ҳамаамон падар надорем, агар медоштем…, - гуфт наврасе, ки Сиёвуш ном доштааст. – Онҳо моро дар хурдсолӣ партофтаанд. 5 – сола будам, ки падарам аз модарам ҷудо шуд. Ман дар синфи 7 – ум мехонаму инҳо синфи 5 – у 6 – анд. Ана ин майдача 2 – сола будааст, ки падару модараш аз ҳам ҷудо шудаанд. Мо дар оила 4 нафарем, инҳо 2 – 3 нафарӣ. Мо ҳама дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунем. Модаронамон танҳоянд. Ҳар моҳ пули обу барқ, партовро додан даркор аст. Хурду хӯрок беҳисоб. Мехоҳем, кам ҳам бошад ба модаронамон ёрӣ расонем.
- Ин хел бошад, офарин. Мактаб мехонед?
- Албатта, хуб мехонем, бадахлоқ нестем. Ин корро баъд аз дарсҳо ва рӯзи роҳат мекунем. Аз ҳар ҷо оҳан ҷамъ карда, ба нуқтаҳои қабул месупорем. Ана апаи ин бача дар курси 2 – и донишкада мехонад. Пули шартномаро дода натавонист. Ҳозир хонашин аст.
- Ҳоло ин оҳанпораҳоро ба куҷо мебаред?
- Ҳо ба он сӯйи дарё. Дар он ҷо як ҷойи оҳанпорақабулкунӣ ҳаст. Як килояшро 65 - дирам мехаранд. Оҳанро, ки фурӯхтем, пулашро баробар тақсим мекунем.
- Агар раваду падарҳоятон аз карда пушаймон шуда, баргарданд чӣ мегуфтед?
- Ҷон – ҷон мегуфтем. Хубу аъло мехондему дар вақти холӣ ба ҷойи оҳанпораҷамъкунӣ ба варзиш машғул мешудем.
Дидам, ки дар чашмонашон лаҳзае шарораи умед шуълавар шуд. Вале табъи ман хира гардид. Ҳаловати накҳати дарё бо насими ҷонбахшаш ба ҳаво рафт. Аз «шумо дуздӣ кардед» гуфтанам сахт пушаймон шудам. Вале агар суолашон намедодам, дарди дилашонро намефаҳмидам.
Ин бачаҳо ҳоло дар ҳукми гуланд. Бояд дар решаи ҷони онҳо гулоби меҳру муҳаббати инсонӣ рехта, ғамхорона парваришашон кунем. Сари онҳоро падарона сила намоем, боварӣ ба рӯзгори пурсаодати ояндаро дар қалбҳояшон ҷой созем. Зеро онҳо ҳам як узви ҷомеаи моанд ва дарди онҳо дарди мост. Ҳама, ки фарзанди бани як Одам ҳастем, бояд бетараф набошем. Агар ғами чунинҳоро ғами худ надонем, Одам нестем, зеро дарду ранҷи чунин оилаҳо дарди мо ҳам ҳаст. Дарди кулли ҷомеа аст, ки барои даво бахшидани он мебояд нӯшдоруе дошта бошем.
Ту чӣ мегӯӣ, хонандаи азиз?!

У. МУРОД, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2016    №: 87    Мутолиа карданд: 510

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед