logo

иқтисод

САВОЛ

МАГАР АЗ САРДХОНАҲОЯМОН ДИЛАМОН ГАРМ АСТ?
Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзист, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муассир дорад. Баъди ба тасвиб расидани  қарору барномаҳои ҳукуматӣ, пешравиҳо дар ин соҳаи афзалиятнок баръало ба чашм мерасанд. Вале дар ин ҷо суолест матраҳ. Оё метавониста бошем, ки самари меҳнати чандинсола - боғҳои ба ҳосил омадаро ба фурӯш барорем ё коркард намоем?
Хушбахтона, дар замони истиқлолият Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушд ва аз нав эҳё намудани соҳаи боғу токпарварӣ тадбирҳои мушаххас андешид. Майдонҳои боғу токзори нав сол то сол зиёд мешаванд. 
Барои идома бахшидани ин раванд барномаи нави ҳукуматии рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020 роҳандозӣ гардид, ки тибқи он дар панҷ соли оянда бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ гардидааст.
Амалисозии барнома дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон хуб аст. Тибқи иттилои шуъбаи кишоварзии ноҳия, майдони боғи нав аз 320 гектар ба 1056 гектар  расонда шуд. Дар се моҳи соли равон дар майдони 44 гектар  боғҳои нав бунёд ёфта, дар онҳо  беҳтарин ниҳолҳои  содиротӣ - себ, нок, зардолу, олу, гелос, чормағз, писта, бодом ва шафтолу шинонда шудаанд.
Ноҳияи мазкур имкони аз ин ҳам зиёд кардани майдони боғу токзор, аз ҷумла истеҳсоли меваҳои содиротӣ ва ташкили корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзиро доранд. Мушкилии умда набудани яхдони меванигоҳдорӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулот мебошад.  Вақте  ҳосили боғу токзорҳои нав ҷамъоварӣ карда мешавад, мавҷуд набудани сардхонаҳо ва корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот метавонад ба вайрон шудани ҳазорҳо тонна маҳсулот сабаб гардад. Гузашта аз ин, агар ҷараёни бунёди боғу токзорҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ҳамин суръат идома ёбад, то соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба миллионҳо тонна хоҳад расид. Хуб мешуд, ки вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идораю муассисаҳои дигари масъулро зарур аст, ки ҷиҳати бунёди сардхонаҳо ва корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2016    №: 87    Мутолиа карданд: 446

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед