logo

иқтисод

«1036 САР ҚУТОС КУҶО ШУД?»

Аз  ноҳияи Лахш бо имзои А. Ҷӯрабеков – муовини аввали раиси ноҳия, С. Шарифов – мудири шуъбаи кишоварзӣ,  Ш. Салоҳиддинов – мудири бахши омор, М. Ҷабборов – мудири бахши идораи  амвол ва С. Маҳмадрасулов – директори Корхонаи давлатии зотпарварӣ – қутоспарварии ноҳия бо мазмуни зайл нома  расид:
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш мақолаи рӯзноманигор Додарҷони Мирзозода «1036 сар қутос куҷо шуд?» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 15 апрели соли 2016, № 73 чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод. Қайд менамоем, ки на ҳамаи факту рақамҳои  омории дар мақола овардашуда ба ҳақиқат мувофиқат мекунанд. Дар зарфи солҳои 2008 – 2012 саршумори қутос дар ноҳия ҳамагӣ 837 сарро ташкил менамуд. Дар ҳамин давра саршумори мавҷудаи чорво якчанд маротиба аз тарафи  мақомоти дахлдор, аз он ҷумла Агентии назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуратураи ноҳия мавриди санҷиш қарор гирифта, санадҳои дахлдор тартиб дода шудаанд». 
Дар охири нома ҳисоботи бахши омории ноҳия замима гардидааст. Мутаассифона, тавре аз посух бармеояд, дар ноҳия ба ҳадафи асосии мақола эътибор надодаанд. Мақсади асосии мақола он аст, ки дар ноҳия иҷрои барномаи ҳукуматии рушди қутоспарварӣ мелангад. Муаллиф Д. Мирзозода навиштааст, ки сарфи назар аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат саршумори қутос дар ноҳияи Лахш аз соли 2012 инҷониб зиёд нашуда истодааст. Соли 2012 саршумори (тибқи замимаи нома) қутос дар ноҳия 837 сар буд, ҳоло 744 сар. Магар ҳамин кам шудани саршумор нест, дар ҳоле ки барои афзоиши он маблағҳои калон сарф шудаанд ва иқлими ноҳия ҷиҳати парвариши қутос мусоид мебошад? Мувофиқат накардани баъзе факту рақамҳои мақола (масалан, саршумори воқеии имрӯза дар мақола 616 сар, дар номаи ҷавобӣ 744 сар омадааст) мавзӯи тадқиқоти алоҳида хоҳад буд. Муҳим он аст, ки рӯзноманигор проблемаи умдаи ноҳия - ба ҷойи  афзоиш кам шудани саршумори қутосро ба миён гузоштааст. Агар ба ҷойи рақамҳои зиёд, ки ҳақ будани муаллифони номаро собит сохта наметавонанд (зеро саршумор дар ҳақиқат кам шудааст), сухан дар бораи тадбирҳои  нави роҳандозишуда ҷиҳати афзун намудани саршумори қутос мерафт,  бештар ба манфиати кор мебуд.

Шуъбаи иқтисоди
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2016    №: 87    Мутолиа карданд: 529

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед