logo

ҳуқуқ

ХАБАРҲОИ БЕАСОС ВА БАРДУРӮҒ

ОИД БА ШИКАНҶАИ РАВОНӢ НИСБАТ БА АЪЗОИ СОБИҚ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
Вақтҳои охир аз ҷониби баъзе  муаллифони шахсияташон номаълум бо мақсади бадном намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ дар бораи поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла таҳти шиканҷа ва фишор қарор гирифтани аъзои собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва наздикони онҳо хабарҳои беасос ва бардурӯғ паҳн карда мешаванд.

Муаллифони хабарҳо  барои асоснок кардани ваҷҳҳои худ ягон далел наоварда, аз ифшо кардани ному насабашон канораҷӯӣ мекунанд, ки  ин гувоҳи боварӣ надоштани худи онҳо ба гуфтаҳояшон мебошад. Аз ҷумла, 15 апрели соли 2016 дар сомонаи интернетии «Паём.нет.» хабарнома таҳти унвони «Шиканҷаҳои равонӣ аллайҳи маҳбусони сиёсӣ» пахш шуд. Дар он омадааст, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон шиканҷа ва фишорҳои равонӣ алайҳи маҳбусони сиёсӣ шурӯъ шуда, ба сифати мисоли он гӯё зери шиканҷа қарор гирифтани аъзои Раёсати Олии собиқ ҲНИТ Воҳидхон Қосидинов ва Ҳикматулло Сайфуллозода оварда шудааст.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҷҳҳои мақолаи мазкурро мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор дод. Воҳидхон Қосидинов ва Ҳикматулло Сайфуллозода, ки айни ҳол барои содир намудани ҷиноятҳои мушаххас дар муассисаи тафтишотӣ қарор доранд, хабари паҳншударо қатъиян рад карда, иброз намуданд, ки касе онҳоро зери шиканҷа ва ё фишори рӯҳӣ қарор надодааст.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Прокуратури генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи тартиб ва шароитҳои нигоҳдории маҳбусон дар муассисаҳои тафтишотӣ ва ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ зери назорати доимии мақомоти прокуратура қарор дорад. Ҳар як ариза ё иттилоъ оид ба шиканҷа ё муносибати бераҳмона  нисбат ба маҳбусон ҳатман мавриди санҷиши беғаразона ва ҳаматарафаи мақомоти прокуратура қарор гирифта, дар ҳолати тасдиқ гардидан шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2016    №: 87    Мутолиа карданд: 606

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед