logo

иҷтимоиёт

ЗАРАРИ МАЪНАВӢ. КӢ ОНРО ҶУБРОН МЕКУНАД?

Чаро бархе аз насли наврас ва насли ҷавони имрӯзи тоҷик ҷаҳонбинии номуайян доранд? Эътимодбахши ин намояндагон кист? Сухани кӣ ба онҳо нишонрас аст? Ва ё намояндагони “дилсӯз” гуфтан мехоҳанд, ки онҳо ба касе эътимод надоранд? Аммо ман ба тоифаи чунин “дилсӯзон” мегӯям: - Шумоён бо намоиши зоҳирӣ ва гуфторҳои “динӣ”-и худ аслан, ки ба ҷамъияти мо дилсӯз ҳам нестед. Мақсади шумоён фақат ҳукмраво будан ва тобеъ кардани ин насли дастнигари ҷомеа мебошад, то ҳокимиятро зери дастони худ бигиред. Дар гуфторҳои худ ҳазорҳо мисолҳои мушаххас меоред, камбудиҳоро қатор-қатор ба забон мегиред, ҳамзамон бо оҳанги гуфтори худ, ки нафрату бадбиниро дар зеҳни шунаванда бедор месозад, дар шуури онҳо умеду бовариро мекушед, дар зеҳни онҳо боварӣ ба бадиро инкишоф медиҳед ва ба ин тарзи муносибат мехоҳед онҳоро ба як ҳайвони бешуур табдил созед, то онҳо ҳар як фармону амри шумоёнро бечуну чаро иҷро намоянд. Пас, арзишҳои муқаддаси гумшудаи ҳар як чунин мазлумро кӣ ҷуброн мекунад? Вақте дар шуури як кӯдак, наврас ва ҷавон бадбинӣ ва хушунат ба авҷи олии худ реша меронад, қурбонии он даҳшат ва азобҳои наздикони ӯро кӣ ҷуброн мекунад, ҳатто дар ин дунё ва дар он дунё низ. Ба тақдири хазонгаштаи чунин тоифа мазлумон кӣ дилсӯзӣ менамояд? Албатта, шумоён не. Шумоёнро аллакай ғам  бар ӯ нест, зеро вай бозичаи дастомӯз гардидааст. Ман фикр мекунам, ки ин бузургтарин гуноҳ аст, зеро Худованд бандаҳои ғаразноку хиёнаткор ба дини мубини исломро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Дини муқаддаси мо - дини ислом дини покӣ, дини тозагӣ, дини дӯстӣ, дини рафоқат, дини садоқат, дини вафо, дини боварӣ, дини умед, дини арҷгузорӣ ба олитарин арзишҳои маънавии инсон мебошад. Пас, чаро мо онро перояи ғаразҳо гардонем, магар ин бахшиданист?  
Намедонам, ин амали  намояндаи  кадом ҷараён аст, аммо паҳн шудани он дар байни одамон касро водор месозад, ки  ҷиддӣ андеша намоем: ҷавоне бо падараш ҷанҷол мекунад. Сабаб? Ӯ даъво дорад, ки падараш бо нони ҳаром тарбияташ кардааст. Падар чикора буд? Падар дар комбинати абрешимӣ дар се баст сари дастгоҳи оҳанин рост истода кор мекард ва матоъ мебофт. Худи ҷавон чикора аст? – Бо тиҷорати майда-чуйда машғул аст. Подоши заҳмати падар ҳарому аз они он тоҷир ҳалол?! Акнун, биёед, холисона таҳлил мекунем. Барои намояндаҳои ҷараёнҳои мухталифи ба ном динӣ, ғайридинҳо (аслан, ки ғайриҷараёнҳояшон) ҳама кофиранд ва худобехабар. Аммо ҳамаи маводи истифодаи зиндагияшон асосан истеҳсоли Чин аст (аксари чиниҳо мардуми буддоиянд) ва нонашон тариқи савдо аст. Маҳсулоти савдояшон низ бештар истеҳсоли Чин мебошад. Яъне, “мусалмонӣ” аз куҷо то ба куҷо? Либоси тан ҳалол ҳисобида шаваду истеҳсолкунандаи он кофир. Инро бо кадом андоза мантиқгирӣ намоем? Чунин хулосабарориҳоро метавон фақат таъсири ғояи зараровар номид, зеро онҳо ангезандаи зиддияту бадбиниву адоватанд ва ягон дини рӯйи олам ҷаҳолатро пуштибон нест, ҳамаи динҳо, бахусус дини мубини Ислом талқингару ҳидоятгари имони бузург ва муҳаббату садоқат аст. Нафаре, ки ба Худованд имон дорад, оё метавонад ба офаридаи ӯ, ба бандаи ӯ разолатро раво бинад? Ман фикр мекунам, ки не. Шумо чӣ?
Матлуба ЁРМИРЗОЕВА,
нависанда, шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2016    №: 87    Мутолиа карданд: 547

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед