logo

иҷтимоиёт

ХУҶАНД – ШАҲРИ ГУЛҲО

Имрӯз маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷандро, ки кӯчаю хиёбон, роҳраву остони ҳар бинояшро он қадар гулҳои рангоранги зебову ҷолиб зеб бахшидаанду қалбҳоро ба фараҳ оварда, як ҷаҳон ҳаяҷону шодмонӣ мебахшанд, метавон шаҳр дар оғӯши гулҳо ё шаҳри гулҳо гуфт. Гулҳои рангини канори роҳҳои мошингарди маркази шаҳру назди ҳар нуқтаҳои хизматрасонии маишиву техникӣ табъу рӯҳи касро болида месозад.

Субҳи содиқи ҳар рӯз нақлиёти махсус оби мусаффоро рӯйи гулҳои шукуфон пош дода, бо дурдонаҳои оби зулол қатраҳои шабнамро афзун мебахшад.
- Ҳамаи ин иқдому ташаббускориҳо, ободиву созандагӣ, бешубҳа, аз файзу баракати истиқлоли мамлакати азизамон, қабл аз ҳама ба шарофати дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Марҳила ба марҳила аз беҳбудӣ бахшидан ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ кунун расидем ба зинаи дигари сатҳи зиндагиву дар ихтиёр дорем диёри сарсабзи доимбаҳори гулистони ҳақиқӣ, - иброз медорад Шарифзода Шариф Файз, раиси шаҳри Хуҷанд.
Ба хотири сарсабзгардонии кӯчаю хиёбонҳо аз ҷониби сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр бо фарорасии мавсими баҳори имсола ба миқдори зиёда аз 100 ҳазор адад гулҳои гуногуни ороишӣ, 45 ҳазор бех  номгӯйи гулҳои садбарги парвариши ватанӣ, 3,5 ҳазор бех ниҳолу буттаҳои сояафкани ардаг, ёси ҳиндӣ ва арча шинонда шуданд. Гули лола, ки аз ҷумлаи дӯстдоштатарин гулҳои мардуми мосту ҳанӯз аз замони Одамушшуаро Рӯдакӣ васфу сифат мешавад, дар қад - қади канори роҳҳои марказӣ, майдончаҳои назди муассисаю ташкилот, биноҳои маъмурӣ, фаввораҳо бештар аз 100 ҳазор дона  лола ва имрӯзҳо навъи дигари гулҳои ҳолландӣ шинонда шуданд. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ, ки ҳама ҷой сарсабзу хуррам аст, қадам задан дар хиёбони гулрезу гулпӯши Исмоили Сомонӣ, боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Хоҷа Камол, майдонҳои ситораҳои Хуҷанд, «Ифтихори шаҳриён» ба кас фараҳ мебахшад. 
- Парвариши гул талаботу нозукиҳои худро дорад, - иброз медорад Давронҷон Шокиров, директори генералии сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд. - Аз ин рӯ, гурӯҳи махсуси мутахассисон мутобиқ ба реҷаи муайяншуда сабзишу нашъунамои гулҳоро дар мавзеъҳои шинондашуда зери назорати ҷиддӣ қарор дода, сари ҳар вақт бо дигар гулҳо иваз мекунанд.  Бо таҷриба аз кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ соли равон назди даромадгоҳ, зинаҳои  ҳамагуна иншооти маъмуриву истеҳсолӣ, фарҳангӣ, хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо гулҳои рангоранг дар гулдонҳои махсус гузошта шуд. Дар ин радиф, дар хиёбонҳои марказии шаҳр ва гулгаштҳо гулҳо дар дохили гулдонҳои бо қолабҳои гуногунофаридашуда ба мисли лаклак, мурғобӣ, моҳӣ парвариш меёбанд, ки басо ҷолибу дилрабо ба чашм мерасад.
- Баргузории озмуну ҳаргуна ҳамоишҳо дар иртибот ба гул, тобиши ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад, - бо таъкид мегӯяд, раиси шаҳр. - Сарукор доштан бо гул нахуст ҳисси зебоипарастии одамонро зиёд кунад, баъдан дар қалби онҳо меҳру муҳаббатро нисбати якдигар ва атрофиён илқо мекунад.
Фестивали вилоятии гулҳо, ки дар боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Хоҷа Камоли шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, олами бузург ва рангоранги гулҳо буд. Ҳар иштирокдорро ба ин ҳамоиш сарфи назар аз синну солу миллату касб як чиз - меҳр ба гулу парвариши онҳо ба ҳам оварда буд. Сокинони шаҳру меҳмонони хориҷӣ бо чеҳраи шукуфону табассуми самимӣ назди гулҳо истода онҳоро навозиш ва таассуроти хуше мебардоштанд.
Соли равон дар шаҳри Хуҷанд Иди лола, намоиш ва фурӯши тухмиву ниҳолҳои сояафкану гулҳои ороишӣ доир шуданд, ки хотирмон буданд.

Ҷовиди Аштӣ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2016    №: 87    Мутолиа карданд: 522

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед