logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИСТОН: дар ҳифзи обрӯи Ватан масъулем

Аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Шаҳристон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Суғд сармашқи фаъолият кардаанд.

Дар ин замина бо иштироки фаъолони ноҳия вохӯриҳо ташкил гардида, масъулон барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, фаҳмондани бартарии мазҳаби ҳанафӣ ва ботил будани даъвою ҳадафҳои ташкилоту гурӯҳҳои ифротию террористӣ  аз тамоми воситаҳо истифода бурда истодаанд.
Прокурор Абдураҳмонзода А. зимни баромад ба мардум талаботи қонунҳо, мураккаб гардидани вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар ҷаҳон, муҳоҷирони меҳнатӣ, болоравии сатҳи экстремизми сиёсӣ ва гурӯҳҳои ифротгароӣ, амалҳои хиёнаткоронаи Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҲНИТ, ворид гардидани ҷавонон ба шабакаҳои интернетӣ ва дигар амалҳои бадро фаҳмонда, даъват кард, ки бо дарки баланди касбӣ, сатҳи баланди дониш обрӯйи Ватани хешро ҳифз кунем.
Сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия Муродалӣ Зиёвиддинов оид ба вазъи печидаву мураккаби давлатҳои ҳамсоя, бо роҳи фиреб шомилсозии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб,  ташкили вохӯриҳои ҷавонон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суханронӣ карда, таъкид намуд, ки бояд ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳанд.
Сардори ШВКД дар ноҳия Муродалӣ Достизода дар бораи шаҳрвандони ноҳияи Шаҳристон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва моҳияти қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба ҳамчун ниқоб истифода бурдани дини мубини ислом баҳри ниятҳои ғаразнок ибрози назар  кард.
Дар вохӯриҳо аз ҷумла, зикр шуд, ки бояд мардуми ноҳия баҳри  осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат, бо ҷойҳои нави кор фарогирии сокинони ноҳия  тарғиботу ташвиқотро  ҷоннок намоянд.
Дар фарҷоми вохӯриҳо раиси ноҳия Ёқубзода Умар бобати аз мактаб берун намондани фарзандон, таълиму тарбияи онҳо, ташкили марказҳои атласу адрасбофӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои муҳим изҳори ақида карда, сокинони ноҳияро ба корҳои созандагиву ободкорӣ даъват намуд.
Мастона КАРИМОВА,
ноҳияи Шаҳристон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2016    №: 87    Мутолиа карданд: 454

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед