logo

сиёсат

КОХИ АФСАРОН - РАМЗИ ТАҲКИМИ МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН

5 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои боҳашамати Кохи афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.

Корҳои сохтмонии бино соли 2012 оғоз гардида буд. Иншооти мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин бо харҷи 19 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои ёрии бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тарафи як ширкати сохтмонии ҳамин кишвар бунёд шуда, аз панҷ ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он толори васеи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳои маҳси бадан ва дигар нуқтаҳои фароғатӣ ҷойгиранд.
Дар қабати якуми Кохи афсарон ошхонаи барҳавои муосир, ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, марказҳои гуногуни хизматрасонӣ, кошонаи ҳусн, мағозаи тиҷоратӣ, нуқтаи назорати камераҳои мушоҳидавӣ ва барои табобату расонидани ёрии аввалини тиббӣ як нуқтаи махсус бо тамоми шароит мавриди истифода қарор доранд.
Барои истироҳату фароғати афсарон ва меҳмонон ошхона ва меҳмонхонаи чинӣ бо 20 ҳуҷраи истиқоматӣ барои 40 нафар меҳмон дар ошёнаҳои дуюму сеюм, маҷлисгоҳ барои баргузории ҷаласаҳои гуногун, китобхонаҳои электронӣ ва ҳуҷраҳои алоҳидаи китобхонӣ мавҷуданд.
Дар ошёнаҳои чоруму панҷуми Кохи афсарон маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, толор барои гузаронидани конфронсҳои матбуотӣ ва дигар марказҳои фароғатӣ сохта шудаанд. Дар маҷмӯъ дар баробари дигар марказҳои хизматрасонию истироҳатӣ, инчунин дар ин бино 68 ҳуҷраи истиқоматӣ бо шароити зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фаъолияту хизматрасонии Кохи афсарон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, ба роҳбарияти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои пешрафти кор аз ин имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода баранд.
Барои хизматрасонии сатҳи баланд дар Кохи афсарон 70 нафар бону ва мардони соҳибмаълумоту бомаҳорат ва донандагони забонҳои хориҷӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Баъди шиносоии пурра бо Кохи афсарон дар маҷлисгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди афсарону дигар кормандони Вазорати мудофиаи кишвар суҳбати самимӣ доир кард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиронро бо ифтитоҳи бинои истиқоматӣ ва маҷмааи Кохи афсарон табрику таҳният гуфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи бунёди артиши миллии кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ҳамаи пешравиҳои неруҳои мудофиавии кишвар ба шарофати соҳибистиқлолӣ насиби мардуми шарафманди тоҷик гардидаанд. Таъкид шуд, ки имрӯзҳо роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ барои боло бурдани нуфузи ин ниҳод ва тарбияи насли ватандӯст тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат афсарони сохторҳои гуногуни Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ баромад карда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббусҳои созанда баҳри боло бурдани обрӯ ва нуфузи Артиши миллӣ дар минтақа ва ҷаҳон, таъмини беҳтарин шароити моддию техникӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, инчунин дигар ғамхориҳои Сарвари давлат дар ҳаққи хизматчиёни низомӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Онҳо дар ҷавоб ваъда доданд, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан содиқона хизмат мекунанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2016    №: 87    Мутолиа карданд: 409

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед