logo

сиёсат

ВАТАН ХИЗМАТИ ФАРЗАНДОНИ СОДИҚАШРО ҚАДР МЕКУНАД

5 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави истиқоматӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат иштирок кард.
Бинои нави 15 - ошёна дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир буда, бо тарҳу услуби нави санъати меъморӣ бунёд шуда, аз 108 манзили як ва ду ҳуҷрагӣ иборат аст. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он зиёда аз 100 нафар корманди сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аз ҷумла намояндагони вазоратҳои адлия, мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ, бо манзили зист таъмин мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба як зумра соҳибони хуштолеи манзилҳо дар вазъияти тантанавӣ шахсан калиди ҳуҷраҳоро супурд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нафарони соҳиби манзилҳои нав гардида даъват ба амал овард, ки содиқонаю софдилона ба Ватан - Модар хизмат карда, дар ободонию осоиштагии мамлакат, ҳифзи музаффариятҳои давлати соҳибистиқлол ва таъмини тартиботу оромии ҷомеа фаъолона иштирок намоянд.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, фароҳамсозии зиндагии шоистаи хизматчиёни мақомоти қудратӣ, ҳамчунин риояи талаботи олии меъморию шаҳрсозӣ дар ошёнаи якуми бинои нав дармонгоҳи замонавӣ бунёд шудааст, ки дар оянда 43 нафар корманди соҳаи тиб дар он ба кори доимӣ фаро гирифта мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти дармонгоҳи навбунёд, ки аз ҳуҷраҳои алоҳидаи ёрии аввалини тиббӣ, бемориҳои занона, духтури дандон, ҳуҷраҳои гиёҳдармонӣ, ташхис ва дорухона иборат мебошанд, шинос шуд ва онро иқдоми муҳим дар расидагӣ ба мушкилоти маризону эҳтиёҷмандони манзили навбунёд ва кулли сокинони маҳаллаҳои наздики он арзёбӣ кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2016    №: 87    Мутолиа карданд: 456

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед