иҷтимоиёт
«СИТОРАИ СУРХ» - И БОҲИР
Соли 1941 Германияи фашистӣ аҳдшиканона ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард ва хурсандиву шодмонии мардумро аз байн бурд. Дар дили мардум қасди интиқом бедор шуд ва ҷавонони баору номус сари нанг омада, ба ҳимояи Ватан бархостанд. Гурӯҳ - гурӯҳ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, бо исрор талаб мекарданд, ки ба ҷабҳа фиристанд. Боҳир низ, дар қатори дигар ҷавонони маҳаллаи Арабхона, барои ба ҷанг рафтан ариза навишт. Бинобар хурдсол буданаш аризаашро қабул накарданд.
Каме дертар, аниқтараш моҳи августи соли 1942 Комиссариати ҳарбии ноҳияи Конибодом ба номаш даъватнома фиристод. Баъди аз муоинаи тиббӣ гузаштан ӯро барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи якуми пулемётчиёни Туркистон, воқеъ дар шаҳри Байрамалии Ҷумҳурии Туркманистон, фиристоданд. Пас аз хатми омӯзишгоҳ ва гирифтани рутбаи лейтенантӣ фармондеҳи взводи пулемётчиён таъйин шуд.
Боҳир Абдуллоев 21 майи соли 1943 дар ҳайати полки тирандози 80-уми гвардиягии Фронтии Қавқози Шимолӣ, дар шимолу шарқи стансияи Кримская (ҳозира шаҳри Кримски кишвари Краснодар), дар амалиёти нахустин ширкат варзид. Дар яке аз муҳорибаҳо ярадор шуд. Чанд муддат табобат гирифту боз ба майдони ҷанг баргашт. Дар озодсозии як қатор шаҳру навоҳии Украина, Молдова, Руминия, Маҷористон ва Австрия аз фашистони гитлерӣ ҷасорату мардонагӣ нишон дод. Барои далерию шуҷоат дар якчанд муҳорибаи шадид бо ордени "Ситораи Сурх" ва чандин медали ҷангӣ сарфароз гашт. Ғалаба бар Германияи фашистӣ ба ҷанговари ҷавон Боҳир Абдуллоев неруи тоза бахшид. Вай дар ҳайати полки 453-и тирандози дивизияи 78-уми Запорожеи Фронти сеюми Украина аз моҳи сентябри соли 1945 то феврали соли 1946 дар озод кардани вилояти Тернополи Украинаи Ғарбӣ аз боқимондаи неруҳои зиддидавлатӣ хизмати шоиста намуд.
Баъди хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ба Арабхона баргашт. Чун марди кор буд, аз дидори рӯи наздикону пайвандон сер нашуда, вазифаҳои нави пурмасъулеро ба ӯ бовар карданд. Аз нозири шуъбаи мақомоти маъмурӣ, муовини мудири шуъбаи саноат ва сохтмони Кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), то инспектори Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон расид. Аз соли 1963 то замони ба нафақа баромадан дар Кумитаи назорати халқии Тоҷикистон дар вазифаҳои муовини мудири шуъба, мудири шуъбаи корҳои ташкилӣ фаъолият дошт. Дар кадом мақому мартабае, ки кор кард, бо меҳнати ҳалол сазовори обрӯю эҳтиром гашт.
Умари ШЕРХОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.05.2016 №: 89 Мутолиа карданд: 465