logo

иҷтимоиёт

АБАРМАРДОНИ ЗИНДАЁД

Имрӯз басо сарфарозем, ки давлату Ҳукумат ва шахсони алоҳида ба қадру қимати қаҳрамониву ҷонфидоиҳои падарону бобоёни азизи мо мерасанд ва ба хотири онҳо даст ба корҳои савоб мезананд. Инро дар мисоли корҳои хайру савоби аъзои Хоҷагии деҳқонии ба номи Марҳамат Зоҳироваи Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бародарон Абдусамӣ ва Абдуқаюм Раҳмоновҳо дидан мумкин аст.
- Соли 2014 - умро бо нишондиҳандаҳои арзандаи меҳнатӣ ҷамъбаст кардем. Аҳд кардем, ки бахшида ба ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба аз ҳисоби даромади иловагии аъзои хоҷагӣ баҳри абадӣ гардондани хотираи иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат ба кори хайре даст занем. Бо ин мақсад кӯшиш намудем, ки нимпайкараи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Домулло Азизовро азнавсозӣ ва нимпайкараи Қаҳрамони дигари Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Кенҷаевро бунёд кунем, - изҳор дошт раиси хоҷагӣ Абдуқаюм Раҳимов.
Муаллифи нимпайкара ҳайкалтарош Рустамҷон Маҷидов буда, он аз хӯлаи бринҷӣ омода шудааст. Ӯ ва шогирдонаш тайи ҳафт моҳ сари тарҳи нимпайкара заҳмат кашиданд. Ниҳоят рӯзи пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараҳои родмардони Ватан Домулло Азизов ва Ҳодӣ Кенҷаев фаро расид.
7 майи соли 2015 дар саҳни ҷамоати деҳот ҷамъомади бошукӯҳ бо иштироки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, фаъолони деҳа баргузор гардид. Муаррихи варзида Усмонҷон Ғаффоров аз саҳми мардуми сарбаланди деҳа дар таъмини ғалаба ёдовар шуд. Духтари Ҳодӣ Кенҷаев - Мавлуда Кенҷаева ва набераи Домулло Азизов - Манзура Домуллоева ба сухан баромада, барои қадршиносии падару бобояшон ба соҳибкорони ҳимматбаланд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хусусан аҳли заҳмати Хоҷагии деҳқонии ба номи Марҳамат Зоҳирова арзи сипос намуданд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.05.2016    №: 89    Мутолиа карданд: 465

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед