logo

иҷтимоиёт

ҲИФЗИ ҶОН ВОҶИБ АСТУ…

Синни бобои Маҳмадраҳим аз 90 гузаштааст. Ӯ ягона иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт мебошад, ки дар қайди ҳаёт аст. Бо ин марди барнодилу рӯзгордида, ҳарчанд хотирааш заиф гаштаву бо ранҷи беҳад ҳарф мезад, ба муносибати Иди Ғалаба суҳбати кӯтоҳ анҷом додем:
- Моҳи октябри соли 1943 синнам ба 18 расидан замон, ба номам даъватнома омад. Ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудам. Ҷавонони зиёде дар саҳни ҳавлии комиссариат саф ороста буданд. Маро ҳам номнавис карданду баъди тахминан ду - се соат ба роҳ баромадем. Он солҳо мошин набуд, пойи пиёда дар ҳафт шабонарӯз аз Ғарм то Сталинобод рафтем. Аз он ҷо моро ба Бухоро бурданд.
Омодагии ҷангиро, ки асосан аз тирпарронӣ ва кофтукову безараргардонии моддаҳои тарканда иборат буд, чанд муддат дар он ҷо омӯхтем. Моҳи феврали соли 1944 дар шаҳри Харков муҳорибаҳои шадид идома доштанд. Ман қатори дигар ҳамяроқонам ба муқобили душмани ғаддор меҷангидам. Тирамоҳи ҳамон сол дар яке аз муҳорибаҳо аз пойи ростам ярадор шудаму дар шифохонаи ҳарбии шаҳри Челябинск бистарӣ гардидам. Баъди табобат боз ба майдони ҷанг баргаштам...
Имрӯз аз он дасту бозувони рустамонаи ин марди майдони ҳарб ҳарчанд осоре намондааст, аммо  дар дилу дидаи ҳамдиёрон чун пайкараи нангу номус ва меҳанпарастӣ ҳанӯз ҳам боқист.
Зиндагиномаи чунин мардони ватандӯст бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар.
                                                                                     
Мирзосафар РИЗВОНОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.05.2016    №: 89    Мутолиа карданд: 484

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед