logo

сиёсат

ХАТЛОН. МУСОБИҚА - ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба як сабқати ҳақиқии бунёди гулзору бӯстон ва поккории муҳити зист табдил ёфтааст.
- Мардуми шарифи вилояти Хатлон аҳамияти ҷашни дарпешистода -  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хеле хуб дарк карда, корҳои созандагию бунёдкориро дар ҳамаи самтҳо вусъат бахшида истодаанд  ва бовар ҳаст, ки тавассути зарфиятҳои ин мусобиқа он рӯзи таърихиро бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол мегиранд, - изҳор дошт Қурбон Ҳакимзода, раиси комиссияи вилоятии мусобиқа, муовини якуми раиси вилоят.
Дар истинод ба маълумоти комиссияи вилоятии мусобиқа, барои шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳаллаю деҳа, хонаи намунавию оилаи намунавӣ дар сурати ишғоли зинаҳои ифтихорӣ шаҳодатнома, нишони хотиравии дорои матни вижа тақдим мегардад. Ҳамзамон, ба ду ҷойи беҳтарин миёни шаҳру ноҳияҳо бо пули миллӣ 15 - ҳазорӣ,   шаҳраку деҳот  10 - ҳазорӣ, маҳаллаю деҳа  5 - ҳазорӣ, хонаи намунавию оилаи намунавӣ  4 - ҳазорӣ мукофот пешбинӣ шудааст. Зимнан, барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм пешбинӣ гардида, супурдани дипломҳо дар назар аст.
- Мусобиқаи мазкур аз 18-уми апрел дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят дар байни шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ оғоз гардида, дар хусуси корҳои иҷрошуда 15 рӯз дар миён ба ситоди вилоятӣ иттилоъ манзур мегардад, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Гуфтанист, ба ҷуз мукофотҳои муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳама шаҳру ноҳияҳо мувофиқи имконияти иқтисодиашон барои ғолибон мукофотҳои пулӣ ваъда кардаанд. Ба гунаи мисол, дар ноҳияи Бохтар барои шаҳраку деҳоти беҳтарин дар ҳаҷми 5000 - сомонӣ, маҳаллаю деҳа 3000 - сомонӣ, хона ва оилаи намунавӣ 2000 - сомонӣ, Ёвон барои ҷойи аввал 2000, дувум 1000 ва савум 500 сомонӣ таъйин кардаанд.
Тибқи мушоҳидаҳои мо, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар вилояти Хатлон боиси сарҷамъии афкор ва неруҳои созанда гардида, барои гиромидошти арзишҳои миллӣ, таҳкими иқтисодиёт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат хоҳад кард.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.05.2016    №: 89    Мутолиа карданд: 518

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед