logo

ҳуқуқ

СУҒД: 1 МИЛЛИОНУ 370 ҲАЗОР РАЪЙ БА ХОТИРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Дар вилояти Суғд 18 комиссияи ҳавзавӣ, 923 участкаи раъйдиҳӣ ташкил ёфта, дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 370 ҳазор раъйдиҳанда, аз ин 40 ҳазор нафар бори нахуст иштирок хоҳад кард.
Ин нукта 25 апрел зимни баргузории ҷаласаи корӣ, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир гашт, зикр гардид. Дар ҷаласа ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони ҳавзаву участкаҳои раъйдиҳӣ иштирок доштанд.
Барои дар сатҳи баланд доир намудани раъйпурсии умумихалқӣ дар вилояти Суғд омодагиҳо вусъати тоза гирифтаанд. Тавре Саидбой Зокиров, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, иттилоъ дод, ба хотири шарҳу эзоҳи моҳияти ин маъракаи муҳими сиёсӣ гурӯҳҳои корӣ иборат аз мутахассисони варзидаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллӣ ва ихтиёриён таъсис ёфта, ба шаҳру навоҳии вилоят сафар карданд.
- Ҳарчанд участкаҳои раъйдиҳии шаҳракҳои Навгарзан ва Зарнисор аз комиссияи ҳавзавии № 29 - и шаҳри Гулистон дар масоҳати 150-120 километр дур воқеъ гардида бошанд ҳам, бо дастгирии масъулони ҳавзаи раъйпурсӣ омодагиҳо дар сатҳи баланданд, - мегӯяд Шаҳбоз Ҳайдаров, - раиси участкаи раъйпурсии рақами 20.
- Офтоби умрам дар сари кӯҳ аст, вале зиндагиро дӯст медораму ҷавононро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамоям, - иброз дошт Алефтина Гутина, сокини шаҳри Гулистон. - 22 май бо рӯҳи болида ба участкаи раъйдиҳӣ омада, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии рангини набераҳоям раъй хоҳам дод.
Ҳамсуҳбатони мо ворид намудани тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуда, бар ин назаранд, ки онҳо барои таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мусоидат хоҳанд кард.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.05.2016    №: 89    Мутолиа карданд: 457

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед