logo

иҷтимоиёт

ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ

Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

1
Худованд дунё, инсон ва мавҷудоти оламро танҳо барои ваҳдат офаридааст. Таърих, таҷрибаи рӯзгори ҳазорсола собит месозад, ки бе созиш, якдиливу ҳамбастагӣ низоми зиндагии инсонҳо ва ҳастии набототу ҳайвонот, ҳам дар зери уқёнусу дарё ва дар ҳафт қабати осмон низ вайрон шуда, фалокату фоҷиаҳои мудҳиш ба вуҷуд меорад. Яъне ваҳдат амри Офаридгор барои пойдориву сарсабзии кураи арз, ҳаёти зебо ва осудаи инсонҳо, боз бақои мавҷудот аст. Худо накунад, ки инсонҳо ба ҷойи ваҳдат ва сулҳу субот хушунат ё кинаву адоватро пеш гиранд, ҷангу ҷидол ва сӯхтору харобкорӣ ба вуҷуд меояд, ки ин аз ҷаҳли мураккаб ба дасисаи шайтон гирифтор шудан аст. Бадбахтона, ҷомеаи инсонӣ дар тӯли таърих аз рӯйи худхоҳӣ ва бехирадии шоҳону сарлашкарон, ҳизбу тӯдаҳои тундрав бандаи низову дасисаи Иблис шуда, шаҳру қасрҳои обод ба хок яксон карда, дарё-дарё хуни ноҳақ рехтаанд.
Имрӯз низ бар асари поймол кардани ниҳоли ваҳдат ва сабзондани хори кудурату душманӣ басо мамлакату шаҳрҳои обод, ёдгориҳои бемисли қадима, ки нишони ҳунар ва ақлу заковати башарият маҳсуб мешуданд, дар коми оташи силоҳҳои даҳшатангези муосир сӯхтанду ба хокистар табдил ёфтанд. Яъне ақлу заковат ва ҳунар бунёд кард, осори ҳайратовар офарид, ҷаҳолату бадхоҳӣ шикасту сӯхту хун рехт… Ваҳдат зиндагисозу зебопараст аст, ба равнақи илму адабиёт, пойдории сарватҳои маънавӣ, ишқу ормонҳои инсонӣ, бақои давлат мусоидат мекунад, ҷаҳолату хушунат харобиовар асту мероси шайтон ва чун Аҳримани сиёҳкору бадкирдор офаридаҳои арзишманди инсонро ба боди фано медиҳад ва ҳазору як бадбахтӣ пеш меорад. Аз ин хотир осори адабии беш аз ҳазорсолаи мо бештар ваҳдатсарову инсонгаро мебошад. Агар мушаххас бигӯем, ваҳдат барои зиндаву тобанда то ҷовидон нигоҳ доштани инсону табиат, ширину гуворо зистани ҳар як хонадон, пойдории истиқлоли давлату ҳастии миллат чун нафас ва обу ҳаво зарур аст.

2
Рӯзи сиёҳ, бадбахтии сангинтарин аст ҷанги шаҳрвандӣ барои аҳли зиё, инсонҳои бедордилу дурандеш ва дар маҷмӯъ барои мардум. Хушку тар баробар месӯзад ва шояд бегуноҳон аз гунаҳгорон бештар қурбон мешаванд дар ҷангу носозиҳои шаҳрвандӣ. Фоҷиаи меҳану миллат, хунрезиву харобкорӣ дар он марҳила чун тири сӯзону заҳрогин ба дили фарзандони равшанфикр расид ва баъзе зиёиёни тоҷикро дилшикаставу пароканда сохт. Вале онҳо дар ҳар куҷое буданд, ба тарзи худ дар ғами фоҷиаи миллату меҳан сӯхтанду нолиданд. Заҳри носозиҳои рӯзгор, душмани хуниву ҷонӣ шудани фарзандони як модар, аз фарти бехирадӣ ва ҷаҳолат кишварро хароб, миллатро бадному сарпараст карданашон адибони асилро хуниндилу марсиясаро кард. Навҳаҳои талхи модарони ҷигаркабоб, занони сиёҳбахт, ятимони хорузор ва сарзамини таҳқирдидаву валангори имдодхоҳ дар нигоштаҳои адибони баркамолу ҷавон он рӯзҳои сиёҳ ҷойи хосаро гирифт. Ин ҳам ҳукми сарнавишт буд. Ҳар фарзанди вафодор бо дарду алам фоҷиаи миллату ватанро барои ибрати фардоиён пурсӯзу гудоз ва ҷое бохашму дидаи гирён сароид. Ин қарзи фарзандӣ аз рӯйи рисолати адабияшон буд…

3
Агар аз рӯйи инсоф даст болои дил ниҳода, манзараи ҳақиқати талху шӯри оғози солҳои навадуми асри бисти мамлакатамонро пеши назар биорем, бедудилагӣ хоҳем иқрор кард: Тоҷикистон дар вартаи ҳалокат, мардум дар ҳолати роҳгумиву ноумедӣ, парешониву бенавоӣ қарор дошт. Ҳокимият, сохторҳои давлатӣ фалаҷ шуданд. Роҳбарони аввал, ки дар доираи чорчӯбаи амру супориши Маскави абарқудрат одати кору фаъолият кардан доштанд, аз дигар шудани сиёсати давлатдорӣ, сар задании ошӯбу майдоншиниҳо ва қувват гирифтани ҳаракату ҳизбҳои ҷоҳталабу ҷудоихоҳ, ба қавле дасту поча ва мувозинаташонро гум карданд, зимоми давлатдориро аз даст доданд.
Аз ҷиҳати авҷи бесарусомонӣ ва худхоҳиву қонуншиканӣ барои ҳидоятгарони навбаромад майдонҳои кушод фароҳам омад. Ва якбора аз замин гӯё сиёсатмадору ҷорчӣ рӯид. Дигар ҳама дар майдону минбарҳо дар забон ватанхоҳу ҳақталош шуданд ва ба мардуми содадилу ноогоҳ, гумроҳу аз ин бесарусомониҳо ҳайрон ваъдаҳои беҳисоб дода, дар асл ба хомталош кардани кишвар камар бастанд.
Ана дар ҳамин ҳолати фоҷиабор, ки ҳастии давлат дар сари мӯ меларзид, меҳан ва мардуми гирифтори ҳалокатҳои пай дар пай интизори раҳоӣ аз ҷангу ҷидоли хунрез, таҳқиру қонуншиканӣ, парешониву бадбахтӣ буданд, бар асари беҳокимиятӣ, дурусттараш аз ночорӣ дар Душанбе не, дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ва дар ин иҷлосияи таърихӣ Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари нави Тоҷикистони ҷангзада ва нисфаш валангору хароб интихоб карданд. Ҷавон буд ва чун роҳбару сиёсатмадор ба мардум чандон ошно не.
Ба ҳар сурат мардум чашми умед ба Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сари минбар ваъда дод: «Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳ меорам… То як ҳамватан дар хориҷа ғариб аст, ором намехобам», дӯхт. «Кош фариштаҳои роҳгузар омин гӯянд ва ин паёми неки роҳбари ҷавон ҷомаи амал пӯшад», - дар дил мегуфтанд одамон. Оре, халқ ҳикмате дорад: «Баракат дар як дона, надонӣ дар кадом дона». Худо кунад, ки ин сарвари ҷавон некқадаму баиқбол бошад ва кору фаъолияти давлатиаш ба дарди Ватану халқ дармон шавад. Ақлро пешравии давлат низ мегӯянд ва роҳбари нави Тоҷикистон бо ҳамсафарон бо сабру таҳаммул мушкилиҳои сангин, нокомиву дассисаҳои дохиливу хориҷиро бо талошу дурандешӣ пушти сар карда, ба зудӣ не, балки бо гузашти солҳо барномаи сулҳу субот ва расидан ба рӯзи ормону мурод - Ваҳдати миллиро амалӣ сохтанд. Дар ин маврид ин гуфтаи Расули акрам (с) ба ёд меояд: Гуфт: «Бигӯям шуморо чист, ки аз намозу рӯзаву садақа фозилтар аст?». Гуфтанд: «Бигӯй». Гуфт: «Сулҳ афкандан миёни мусулмонон». Аз ин назар бо инояти Худованд ин фармудаи Пайғамбар (с) бо роҳнамоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ба даст омадани имзои Созишномаи сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшид. Ва он бузургтарин дастоварду хидмат аст, ки ҳама хушунату ҷангу ҷидолро батадриҷ аз байн бурд ва миллатро ба саодату созандагӣ расонд. Ватанро ободу машҳури дунё гардонд, шоирону нависандагон, аҳли зиёи шикастарӯҳу марсиягӯро ваҳдатсаро кард. Дигар ба хосу ом маълум аст, ки Асосгузори ин сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

4
Ҳифзу ҳимояи Ватан, суннат ва арзишҳои миллӣ, озодиву дастовардҳои он, сулҳу ваҳдатамон, ки дар ҷаҳон чун падидаи камназири омӯзанда пазируфта шудааст, оянда бар дӯши ҷавонҳост. Онҳо, пеш аз ҳама бояд чун фарзанди фарзонаи диёр зираку ҳушёр бошанд, аз роҳи манфиати давлату миллати хеш заррае берун қадам нагузоранд. Бо омӯзиш ва саводу дониш ақлу заковат ва ботини худро ғанӣ созанд. Таъриху фарҳанг ва забонамонро донанду эҳтиром намоянд, бо ҷасорату мардонагӣ, фаҳмишу худшиносӣ ва ифтихор аз миллату давлати азизамон - Тоҷикистон намунаи ибрати имрӯзу фардо шаванд. Ва боз ба такрори он каҷравӣ, саҳву хатоҳое, ки аз бобоёну падарон гузашт ва боиси харобии кишвар, бадномӣ ва сарсонии мардум шуд, роҳ надиҳанд. Ин қарзи фарзандии ҷавонони имрӯзу фардо дар назди Ватан ва Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.05.2016    №: 89    Мутолиа карданд: 567

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед