logo

сиёсат

ГУЛГУЗОРӢ ДАР БОҒИ ҒАЛАБА

9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 71 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гулчанбар гузошт. Ба ин муносибат майдони маросимҳои Боғи Ғалаба идона ороста шуд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо аз омодагии сарбозон ба маросими гулгузорӣ гузориш дод. Баъди садо додани Суруди миллӣ дар назди гулхани абадӣ ба поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбарҳо гузошта шуд. Маросими бошукӯҳи гулчанбаргузорӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Порлумони кишвар, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва собиқадорони ҷангу меҳнат сурат гирифт.
Нахуст Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони он ҷанги пурдаҳшатро пос дошт.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо дар таърихи инсоният маҳсуб меёбад. Ёдовар мешавем, ки беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ин ҷанги пурдаҳшат шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҷон супурдаанд. Шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Ба муносибати Рӯзи Ғалаба, инчунин, гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат, корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратии Тоҷикистон, Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон гузошта шуданд.
Хотираи неки қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамчунин, бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.05.2016    №: 89    Мутолиа карданд: 459

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед