logo

сиёсат

КУМАКИ МОЛИЯВИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНУ МАЪЮБОНИ ҶАНГ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати инсонпарваронаи хеш ба муносибати 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва қадршиносии ҷонфидоии бобоёну падарон дар ҷанг баҳри озодии насли оянда аз 23 апрели соли 2016 таҳти рақами 710 Амрро дар бораи расондани кумакпулии яквақтаи молиявӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба тасвиб расонд.
Дар асоси ин Амри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияи ҷумҳурӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 639 нафар иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1 миллиону 278 ҳазор сомонӣ, ба ҳар як нафар 2000 сомонӣ ҷудо намуд.
Тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ дар арафаи ҷашни Рӯзи Ғалаба то 5 майи соли равон маблағҳои кумаки Пешвои миллатро дар шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорони ҷанг дастрас карданд. Ҳамчунин, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раисони вилоятҳову шаҳрҳо ба маблағи 1 500 сомонӣ ва раисони ноҳияҳо дар ҳаҷми 500 сомонӣ иловатан ба иштирокчиёну маъюбони ҷанг кумакпулӣ тақдим карда шуд.
Ҳамин тавр дар маҷмӯъ ҳамаи 639 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҷанг ба маблағи 4000 сомонӣ кумаки яквақтаи молиявӣ гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини шароити хуби иҷтимоию иқтисодӣ собиқадорони ҷангро мавриди ғамхорӣ қарор дода, ба онҳо кумакҳои моддӣ мерасонанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.05.2016    №: 89    Мутолиа карданд: 451

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед