logo

иқтисод

«РЕГАК МАКОНИ КАРТОШКА МЕГАРДАД»

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигор А. Абдусатторов «Регак макони картошка мегардад» - ро, ки 3 - юми январи соли 2015 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»  чоп шудааст, мавриди  омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.

Тибқи маълумоти шуъбаи  кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод, мавзеи Регаки Ҷамоати деҳоти Ширинчашма, ки дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, яке аз минтақаҳои дурдасти  заминҳои баландкӯҳи ноҳия ба ҳисоб  меравад. Ин мавзеъ барои истеҳсол намудани  маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқ аст. Дар Ҷамоати деҳоти  Ширинчашма хоҷагии деҳқонии  коллективии тухмипарварии «Сари  най» ва дар ҳудуди он 387 хоҷагии  деҳқонии хурду миёна ҷойгир аст, ки 386 гектар замини корам ва 193 гектар замини обӣ доранд. Ҳамасола кишоварзони ноҳия аз ин заминҳо ҳосили дилхоҳ, аз ҷумла картошка ба даст меоранд.
Эродҳои муаллиф дурустанд ва рафъи камбудиҳои номбаршуда қабл аз ҳама ба манфиати кишоварзони минтақа аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки даҳ сол қабл аз ҷониби собиқ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми канали «Себистон», ки мавзеи мазкур аз он обёрӣ мешуд, таъмир гардида буд. Аммо қисми боқимондаи канали мазкур то ба ҳол таъмирталаб мебошад.
Эроди дигаре, ки дар мақола оварда шудааст, масъалаи ба чарогоҳ баровардани чорво ва расондани таъсири манфӣ ба таркиби хок ва ҳосилхезии замин мебошад. Оид ба ин масъала шуъбаи  кишоварзии ноҳия иттилоъ медиҳад, ки ҳоло аз оғози мавсими кишти зироатҳои  кишоварзӣ то ҷамъоварии ҳосил ягон намуди чорво ба заминҳои хоҷагӣ ронда намешавад.
Ҳамчунин, аз ҷониби шуъбаи кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ноҳия, баҳри мубориза ба муқобили хукҳои ёбоӣ низ чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Ҷ. С. САИДОВА,
муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2016    №: 90    Мутолиа карданд: 541

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед