logo

ҳуқуқ

«КРАСНАЯ СВАДЬБА»

АМАЛИЁТИ ҶИНОЯТИЕ, КИ ПЕШГИРӢ ШУД
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи гузарондани амалиёти муштараки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ - аъзои созмони террористии «Давлати исломӣ», ки қасди анҷом додани амалҳои террористиро  9-уми май дар шаҳрҳои Маскав ва Душанбе доштааст, боздошт гардид.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти қудратии Федератсияи Русия 2 майи соли 2016, ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Маскав, аъзои созмони террористии «Давлати исломӣ» - Айбек Саитов, соли таваллудаш 1984, зодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, миллаташ ӯзбек, инчунин А. Тошболтаев, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русияро доштааст, дастгир карданд. Аз онҳо ду автомат ва ду тирдон бо тирҳояш мусодира карда шуд.
Дар хабари расмии дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нашршуда омадааст: «Рӯзи 6 майи соли равон ҳаммаслаки онҳо шаҳрванд Достон Менгликулов, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Навбаҳори ноҳияи Қубодиён, миллаташ ӯзбек, аъзои созмони террористии «Давлати исломӣ» ҳангоми аз шаҳри Маскав ба Тоҷикистон барои содир намудани акти террористӣ омадан, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир гардид». Аз рӯи нишондоди номбурда се нафар аз ноҳияи Қубодиён дастгир ва аз маҳали зисти А. Саитов лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Дар ҷараёни азназаргузаронии манзили боздоштшудаҳо, дар ноҳияи Қубодиён, як компютери тамғаи «Ноут - Бук», шаш флешкорт, 30 диск, 10 китоби экстремистӣ, як адад харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, як компас, инчунин  ду дастгоҳи мухобира ва ду таппончаи таълимӣ дарёфт ва мусодира гашт. 
Боздоштшудаҳо аз ҷониби мубаллиғони созмони террористии  «Давлати исломӣ», ки айни ҳол дар Сурия қарор доранд, раҳнамоӣ шуда, ин амалиётро бо номи «Красная свадьба» тарҳрезӣ кардаанд.  Нисбат ба шахсони дастгиршуда чораҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.  
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2016    №: 90    Мутолиа карданд: 558

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед