logo

иқтисод

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ БОҒПАРВАРИИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН

Боғҳо манбаи даромад ва шукуфоии кишваранд

Рушди  соҳаи боғдорӣ тақозои замон буда, дар таъмин намудани аҳолӣ бо ғизо ва кори доимӣ, корхонаҳои коркард бо ашёи хом, ғанӣ гардондани сабади истеъмолӣ ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат нақши калидӣ дорад. Пажӯҳишҳои  стратегии ватанӣ собит намудаанд, ки Тоҷикистон метавонад дар истеҳсол ва содироти меваю сабзавот дар минтақаи Осиёи Марказӣ пешсаф бошад. Иқлиму хоки мувофиқ ва анъанаҳои неки боғпарварии мардуми Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки майдонҳои боғу токзор аз ҳисоби ниҳолҳои сермаҳсул ҳамасола зиёд шуда, талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои коркард бо ашёи хоми аз нуктаи назари экологӣ тоза пурра таъмин гардад. 
Барои қонеъ гардондани талаботи истеъмолии мардум мувофиқи меъёри физиологӣ дар як рӯз  200 грамм мева муқаррар гардидааст. Барои таъмини амнияти ғизоии мамлакат дар як сол 580-600 ҳазор тонна меваю ангур истеҳсол намудан зарур аст. Шароити хоку иқлими ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки дар ҳолати дар асоси илму технологияи навин ба роҳ мондани парвариши дарахтони мевадиҳанда солона зиёда аз  1 млн. тонна меваҳои шаҳдбор истеҳсол ва ба талаботи бозори дохилӣ пурра  таъмин гардад. Ҳамчунин, Тоҷикистон метавонад пешсафи кишварҳои ҷаҳон дар содироти меваю ангур бошад.
Афзоиши аҳолӣ, талаботи рӯзафзуни бозор, кам будани заминҳои корами обӣ ва тағйирёбии иқлими сайёра олимону мутахассисони соҳаро водор месозад, ки рушди соҳаи мазкурро самаранок ба роҳ монанд. Иҷрои масъалаи мазкур на ба роҳи зиёд намудани майдони боғу токзор ва истифодаи технологияи пешина, балки тавассути бунёди боғҳои замонавӣ (интенсивӣ) бо истифода аз технологияи инноватсионӣ бояд ҷараён гирад.
Тибқи “Барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, дар 5   соли оянда бояд 20153 гектар боғу токзори нав бунёд ёбад.
Ҳоло ҷиҳати татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи боғдорӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ҳамасола намоишҳои фурӯши ниҳолҳои дарахтони  мевадиҳанда баргузор мешаванд. Дар намоишҳои мазкур устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, мутахассисон, олимон, боғпарварони варзида оид ба омода намудан, шинондан, парваришу нигоҳубини дарахт  ба боғдорон маслиҳату тавсияҳои худро пешкаш менамоянд.
Барномаи нави рушди боғдорӣ дар ҷумҳурӣ ҷабҳаҳои нави рушд  ва самтҳои устувор сохтани  заминаи моддию техникии соҳаи мазкурро дар бар мегирад. Самтҳои асосии татбиқи барнома, бо назардошти содирот ва рақобатпазирӣ чунинанд:
- бунёди боғу токзорҳои нави серҳосил;
- таҷдиди боғу токзорҳои куҳна;
- бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар майдони 502 га;
- ташкили ниҳолхонаҳо бо мақсади таъмини тагпайвандҳои нашвӣ, қаламчаи ниҳол, тагпайвандҳои тухмӣ ва дар давоми 5  сол парвариш намудани зиёда аз 11,7 млн. бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ангур;
- бунёди 20,1 ҳазор гектар боғу токзорҳои нав, аз он ҷумла 6,9 ҳазор гектар боғу токзори нав дар заминҳои лалмӣ, ивазкунии боғу токзорҳои куҳна то 6,1 ҳазор гектар, рушд додани соҳаи ситруспарварӣ;.
- ҷойгиркунии навъҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби заминҳои партов, аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, корами лалмӣ, чарогоҳ ва заминҳои ғайрикишоварзии минтақаҳои бо намнокӣ таъмин;
- ҳифз намудани боғу токзорҳо аз касалию зараррасонҳо дар асоси пешниҳодҳои асосноки илмӣ;
- таъмини раванди иҷрои барнома бо техникаю технологияи пешрафтаи кишоварзӣ, нуриҳои минералию органикӣ ва заҳрдоруҳо;
- таъминоти пурраи аҳолии мамлакат бо меваҷот ва маҳсулоти коркарди он дар тамоми фасли сол, содироти маҳсулот, бунёди анбору сардхонаҳои саноатии меванигоҳдорӣ, коргоҳҳои истеҳсоли зарф, масолеҳ барои бастабандӣ ва сеху корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулот ва ғайра.
Яке аз ҳадафҳои барномаи нави рушди боғдорӣ бунёди боғҳои сермаҳсули себ, нок, олу, гелос ва шафтолу бо истифода аз тагпайвандҳои қадкӯтоҳ мебошад. Ҳосилнокии чунин боғҳо нисбат ба боғҳои муқаррарӣ 8 - 10 маротиба баланд буда, аз як гектар 40 - 70 тонна маҳсулот ба даст меояд. Усули  обёрии қатрагии онҳо тариқи технологияи муосир имконият медиҳад, ки об сарфакорона истифода шавад. Имрӯз боғҳои интенсивии бунёдшудаи ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна дар соли дуюм 5 - 6 тонна ва дар синни 3 – 4 - солагӣ  10 - 15 - тоннагӣ ҳосил дода истодаанд ва ҳосилнокии онҳо сол то сол меафзояд. Бунёди боғҳои интенсивӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок буда, дар  4 – 5 соли аввали парвариш хароҷоти сарфшуда ҷуброн  мешавад ва боз 15-20 соли дигар даромади соф ба андозаи тақрибан 200 - 250 ҳазор сомонӣ аз як гектар ба даст меояд.
Ободкории Сарвари давлат дар ҳар барги ниҳолони сарсабз сабт аст. Ҳазорҳо гектар боғҳои анъанавӣ ва интенсивии ба содирот равонашудаи мамлакат, ки солҳои охир бо ҳидоят ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат бунёд ёфтаанд, фардо манбаи даромаду зиндагии шоистаи мардум ва  зебоию шукуфоии кишвар хоҳад буд.
Сайдалӣ ГУЛОВ,
доктори илмҳои биологӣ,
 профессори Донишгоҳи
аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2016    №: 90    Мутолиа карданд: 554

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед