logo

ҳуқуқ

ХАТАР. ПЕШГИРИИ ОН ВАЗИФАИ АҲЛИ ҶОМЕА АСТ

Дар  шаҳри Қӯрғонтеппа бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар мавзӯи  “Терроризм – падидаи номатлуб” конфронси илмӣ - амалӣ доир гардид.  Дар он  намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, олимон, коршиносон, сархатиб ва имомхатибон, инчунин ҷавонон иштирок доштанд.

Зикр гашт, ки ифротгароӣ бузургтарин хатарест, ки ба ҷомеа таҳдид дорад. Бояд роҳи муассири ҳалли ин мушкили барои ҷомеаи мо хавфнокро ҳар чи зудтар пайдо намоем ва дар решакансозии он бетарафӣ ихтиёр накунем. Бахусус аз бисёрмазҳабӣ дурӣ бояд ҷуст, зеро дар заминаи эътиқоди динӣ ба вуҷуд овардани бадбинӣ ва низоъ хеле осон аст.
Дар робита ба ин, Абдурраҳмон Аламшоҳзода, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия, иттилоъ дод, ки ахиран дар кишвар 293 пайрави ҷараёни мамнӯи  “Салафия” муайян гардида, дар 281 ҷиноят даст доштанашон пурра тасдиқ ёфтааст. Нисбат ба 185 нафари онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, 164 кас ба ҳабс гирифта шудааст. Гузашта аз ин, ҳоло 457 зодаи Хатлонзамин дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат дошта, 24 нафар бо мусоидати мақомоти зирабт ба Ватан баргардонда шудаанд.
Дар истинод ба таҳлилҳои тахассусӣ Абдурраҳмон Аламшоҳзода баён намуд, ки 90 дарсади афроди моил ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ мутаваллиди солҳои 1986-1990 ҳастанд. “Дар ин солҳо бинобар ҷанги шаҳрвандӣ дар мактабҳо таҳсил ва дар хонаҳо тарбияи дуруст ҷараён намегирифт”, - изофа кард ӯ.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ироа намуд, ки аслан ҷавонони аз таълимоти ҳақиқии ислом ва мазҳаби ҳанафӣ ноогоҳ ва дар зиндагӣ ноком ба гурӯҳҳои террористӣ шомил мешаванд. “Кирдорҳое, ки ин афрод содир мекунанд, ба ҷуз беинсофию беимонӣ дигар чизе нест. Аммо ба ҷавони боақлу бофаросат агар тилло ваъда кунанд ҳам, фирефта намешавад. Яъне, ӯ имону инсофу инсондӯстиро муҳимтар аз ҳама чизи дигар медонад. Ва, азбаски дар байрақи “Давлати исломӣ” калимаи шаҳодат навишта шудааст, баъзеҳо андеша мекунанд, ки ин гурӯҳ дар ҳақиқат дар хидмати ислом аст. Мутаассифона, ин тавр нест. Ба ин монанд дар дунё 18 гурӯҳи ба ном исломист, ки дар ниқоби ислом фақат мусалмон мекушад”, - тазаккур дод Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Баъдан доир ба мавзӯи матраҳгашта Ҳайдар Шарифзода, сархатиби шаҳри Кӯлоб, Акрами Соҳибназар, имомхатиби масҷиди “Эмом Бухорӣ” - и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Сайёра Ғуломова ва Музаффар Иззатов, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва дигарон ибрози андеша карда, ба қароре омаданд, ки дар самти мубориза бо ифротгароию даҳшатафканӣ, бе ҳеҷ дудилагӣ, аз ҳама усулҳои таъсиррасон бояд истифода бурд.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2016    №: 90    Мутолиа карданд: 454

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед