logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, шаҳри Душанбе, 10 майи соли 2016

Муҳтарам намояндагони воситаҳои иттилооти умумӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Имрӯз мо дар чаҳорчӯбаи мулоқоту музокироти созанда амалан ҳама арсаҳо ва соҳаҳои ҳамкории ду кишвари дӯст ва масоили муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ намудем.
Масъалаҳои тақвият ва таҳкими бештари муносибатҳои неки ҳамҷавории ду кишвар ва дастёбӣ ба сатҳи навин ва пешрафтаи ҳамкории ҳамаҷонибаи онҳо дар меҳвари муколамаи сатҳи олӣ ва музокироти расмӣ қарор доштанд.
Сафари нахустини расмии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар марҳалаи муҳими рушди ҳамёрии ду кишвар дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ ҷараён мегирад.
Талошҳои муштараку ҳадафмандонаи мо ҷиҳати оғози корҳои сохтмонӣ дар тарҳи минтақавии CASA - 1000, ки маросими ифтитоҳи он ду рӯз пас дар Тоҷикистон доир мегардад, рамзи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Мутмаинем, ки татбиқи пайгиронаи ин тарҳи дорои аҳамияти ҳаётан муҳим ба таъмини пешрафту ободӣ ва рӯзгори осудаи мардумони кишварҳои мо мусоидати ҷиддӣ ва ниҳоят муассир хоҳад кард.
Дар мулоқоту музокироти мо ҳамчунин ба дарёфти роҳҳо ва василаҳои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноке, ки ба тавсеаи имкониятҳои зербиноӣ ва транзитиву нақлиётии минтақавӣ роҳ мекушоянд, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҳар ду ҷониб бар он аст, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ҳамкории дуҷониба ва минтақавиро ба сатҳи комилан нав бардошта, омили таъмини субот ва пешрафти кишварҳоямон ва тамоми минтақа хоҳад гашт.
Дар музокирот мавзӯоти амниятӣ ва таҳаввулоти ҷории сиёсӣ муфассалан баррасӣ гардиданд. Дар ин ҷода талоши фаъол ва содиқонаи ҳамаи кишварҳои минтақа ва шарикони онҳо дар чаҳорчӯби як стратегияи возеҳ ва ҳадафманд комилан зарур дониста шуд. Ҳар ду ҷониб зарурати тақвияти равобити марзӣ ва таъмини амнияти онро таъкид намуд.
Мо пайгирона талош хоҳем кард, ки тавассути эҷоди шароити мусоид марзи ду кишварро ба марзи субот, дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил диҳем. Зимни баррасии мавзӯоти амният ва суботи минтақавӣ зарурати муборизаи усулӣ бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид. Ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин самт аз ҷониби мо чун амри ҳаётӣ маънидод шуд.
Рӯйдодҳои охир дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон нишон медиҳанд, ки терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир ба хатарҳои азимтарини олами муосир табдил ёфтаанд. Майдони фаъолияти даҳшатноку нафратовари терроризм торафт фарох гардида, қувват гирифтани он вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.
Мо борҳо изҳор карда будем, ки яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Аз ин лиҳоз, мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бояд чун ҷузъи ҳатмии мубориза бо неруҳои терроризм ва экстремизм шинохта шавад.
Ҷониби Тоҷикистон хоҳони мусоидати бештари иҷтимоиву ҷомеаи байналмилалӣ ба Афғонистон мебошад.  Миёни ҷонибҳо мубодилаи озоди афкор дар бораи роҳҳо ва василаҳои таъмини сатҳи босамар ва навини ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва техникӣ сурат гирифт.
Мо зарурати густариши равобити фарҳангиву илмӣ ва дар ин замина муоширати васеи адибон, фарҳангиён ва донишмандони ду кишвари дӯстро таъкид намудем. Ҳар ду ҷониб аҳамияти густариши пайгиронаи ҳамкории минтақавиро таъкид кард.
Ҷониби Тоҷикистон аз нақши афзояндаи Афғонистон дар умури минтақа истиқбол гирифта, ҷиҳати идомаи ҳамёрии густурда бо он дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ниҳодҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба, омодагии худро изҳор менамояд.
Ҷонибҳо иброз доштанд, ки хостори рафъи мушкилоту бархӯрдҳо дар ҷаҳони ислом ва таъмини сатҳи навини ҳамкории кишварҳои исломӣ ҳастанд.
Мо бар онем, ки таҳкими низоми байналмилалӣ дар асоси усул ва меъёрҳои пазируфташудаи ҳамагонӣ бо нақши марказии Созмони Милали Муттаҳид ба нафъи кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон мебошад.
Мехоҳам таъкидан зикр намоям, ки мулоқоту музокироти мо дар фазои ҳусни ният, самимият ва эҳтироми мутақобил ҷараён гирифта, мавқеи ҷонибҳо дар мавриди масоил ва мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ягона ё наздик мебошад.
Дар марҳалаи кунунӣ Тоҷикистону Афғонистон амалан манфиатҳои зиёди муштарак доранд, ки ҷавҳари онҳоро таъмини амнияту субот ба манзури эҷоди заминаи пешрафти ду кишвар ва тамоми минтақа ташкил медиҳад.
Ҷониби Тоҷикистон аз сафари нахустини расмӣ ва дӯстонаи Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ибрози қаноатмандӣ намуда, онро иқдоми муҳим дар таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар арзёбӣ менамояд.
Мо даъвати Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғаниро ҷиҳати боздиди ҷавобии расмӣ аз кишвари дӯсти Афғонистон бо камоли сипос қабул намудем.
Муҳлати анҷоми ин сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ мушаххас хоҳад шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2016    №: 90    Мутолиа карданд: 419

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед