logo

сиёсат

ЭЪЛОМИЯИ МУШТАРАКИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба, шаҳри Душанбе, 10 майи соли 2016

Бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар таърихи 10 майи соли 2016 мелодӣ баробар бо 21 моҳи савр соли 1395 ҳиҷрии хуршедӣ дар раъси як ҳайати воломақом аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди расмӣ ба амал оварданд.

Дар ҷараёни мулоқоту музокироти раҳбарони ду кишвари дӯст, ки дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум анҷом гирифт, маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ:
- бар мабнои усули дӯстии таърихӣ, ҳусни ҳамкорӣ, муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва муносибатҳои дӯстона, ки омилҳои созанда ва муассири густариши пайвандҳои ду кишвар ва рушди ҳамкории ҳамаҷониба мебошанд;
- бо таъкид ба зарурати истифодаи васеъ аз имкониятҳои густурдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ғайра;
- бо азми қавӣ ба татбиқи барномаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва талоши фаъол дар амри густариши ҳамкории минтақавӣ ба нуқоти асосии зерин ба мувофиқа расиданд:
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи баланди муносибатҳои сиёсӣ ва ҳамкории рушдёбандаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии ду кишвар, бар зарурати густариши бештари ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва арсаҳо таъкид намуданд.
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бо таъкиди ҷонибдорӣ аз усул ва меъёрҳои пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, омодагии худро ба идомаи ҳамкориҳо ҷиҳати таҳкими сулҳ, субот ва амнияти минтақа изҳор карданд.
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бар зарурати идомаи ҳамкории ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳониро бо Афғонистон ҷиҳати ҳифз ва таъмини сулҳу амният ва рушди иқтисодӣ дар Афғонистон таъкид намуданд.
4. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз барномаи таъмини амният аз сӯи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон истиқбол менамояд ва изҳори умедворӣ мекунад, ки талош дар роҳи таъмини сулҳу субот ва ҳалли масъалаҳои ихтилофӣ дар ҷомеаи Афғонистон ҳадафманд, санҷида ва босамар хоҳад буд.
5. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамкории худро дар арсаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир тақвият хоҳанд дод.
6. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо дарназардошти таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон ва минтақа, аз ҷумла фаъол шудани гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ, бар зарурати таҳкими ҳамкориҳо, робитаҳо ва машваратҳои кории ниҳодҳои амниятӣ, сарҳадӣ ва мубориза бо маводи мухаддирро таъкид намуданд.
7. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба мақсади таҳким ва густариши муносибатҳои сиёсӣ машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро ба таври мунтазам баргузор хоҳанд кард.
8. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пуштибонии худро аз сохтмони хатҳои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он тариқ ба кишварҳои дигари минтақа таъкид намуданд. Дар ин росто бар зарурати фаъолияти ҳамоҳанг дар татбиқи муваффақона ва бамавқеи барномаи CASA - 1000 ва интиқоли миқдори бештари барқ ба Афғонистон таъкид намуданд.
9. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон густариши тиҷорати наздисарҳадии байни ду кишварро муҳим арзёбӣ намуда, бар зарурати бунёд ва фаъол намудани гузаргоҳҳо ва бозорҳои сарҳадӣ дар мавзеъҳои Кокул – Ойхонум ва Айваҷ – Калдор таъкид намуданд.
10. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамкориҳои худро дар масъалаи истифодаи оқилона аз захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли неруи барқ ва обёрии заминҳои навкорам, бо дарназардошти манфиатҳои ҳамдигар ва дар чаҳорчӯби  ҳамкории судманду созандаи минтақавӣ густариш хоҳанд дод.
11. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бар пояи Ёддошти тафоҳуми байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Туркманистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон, мувофиқати худро дар мавриди бунёди хати роҳи оҳани Отамурод – Оқина – Анхуй – Шибирғон – Мазори Шариф – Қундуз – Шерхон Бандар – Панҷи Поён ба унвони масири асосӣ таъкид намуда, онро омили муҳими инкишофи иқтисод ва тиҷорати минтақавӣ арзёбӣ намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба манзури пайванди шабакаҳои роҳҳои оҳани Тоҷикистон ва Афғонистон сохтмони қитъаи роҳи оҳани Бешкент – Калдор – Хайратонро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
12. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон талоши ҳамаҷониба хоҳанд намуд, то заминаи зарурии оғози сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон, ҳамчун барномаи афзалиятноки ҳамкорӣ, ҳарчи зудтар фароҳам оварда шавад ва ин барнома бо ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии панҷ кишвари зидахл муваффақона татбиқ гардад.
13. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро мусбат арзёбӣ намуда, хостори фаъолияти босамартари он шуданд.
14. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хостори инкишоф ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ ва илмӣ мебошанд.
15. Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонии худро аз талошҳои пайгиронаи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар тақвият ва таҷҳизи неруҳои низомӣ ва амниятӣ таъкид намуда, муҷаддадан ба идомаи ҳамкориҳо дар соҳаи такмили маҳорати касбии кормандони мақомоти низомӣ ва амниятии Афғонистон изҳори омодагӣ кард.
16. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омодагии худро ба ҳамкориҳои густурда дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва созмонҳои дигари минтақавию байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ ва иқтисодии байналмилалӣ, эълом дошта, зарурати ҳамоҳанг сохтани мавқеъҳои худро дар мавриди масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз тариқи машваратҳои сиёсӣ ва табодули пайвастаи афкор таъкид намуданд.
17. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз имзо шудани санадҳои нави ҳамкорӣ дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн истиқбол мекунанд.
- Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, зимни ибрози хушнудӣ аз натиҷаҳои сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳусни меҳмоннавозӣ ва пазироии гарм изҳори сипос намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки дар фурсати муносиб аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боздиди расмӣ ба амал оварад. Даъвати мазкур бо камоли сипос пазируфта шуд. Таърихи боздид тавассути роҳҳои дипломатӣ муайян хоҳад шуд.
Ин Эъломия 10 майи соли 2016 мелодӣ мутобиқ бо 21 моҳи савр соли 1395 ҳиҷрии хуршедӣ дар шаҳри Душане дар ду нусха, ҳар кадом ба забонҳои тоҷикӣ ва дарӣ, ки ҳар ду эътибори яксон доранд, ба имзо расид.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,
Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2016    №: 90    Мутолиа карданд: 436

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед