logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «ТОҶИКИСТОН ҲАМЕША ХОҲОНИ ОСОИШ ДАР АФҒОНИСТОН АСТ»

10 май нахустин ташрифи Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон, ки субҳи он рӯз бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри миллат оғоз ёфт.

Барои пешвози меҳмони олимақом майдони назди Қасри миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар шурӯъ шуда, бо гузаштани якҷояи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз назди ҷузъу томҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салому дуруди меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Афғонистон идома ёфт.
Маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ бо гузашти низомии Горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба поён расид.
Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оғоз гашта, сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, Муҳаммад Ашраф Ғаниро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳор дошт: “Мо аз дидори Шумо шодем ва орзу дорем, ки аз ташриф ба хонаи дуюматон таассуроти нек хоҳед бардошт”.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз дошт: “Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша хоҳони таҳкими амну осоиш дар кишвари шумо ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии он мебошад ва ба ин манзур аз барномаи сулҳи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон истиқбол менамояд.
Ҷонибҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд изҳори қаноат карданд.
Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2013 ҳаҷми мубодилаи мол байни кишварҳо беш аз 170 миллион долларро ташкил дод, ки ин нокифоя аст. Тоҷикистон соли гузашта ба Афғонистон қариб 1 миллиарду 200 миллион ва тайи 4 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 250 миллион киловатт - соат неруи барқ интиқол дод.
Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои соҳаҳои энергетика ва рушди зерсохтори нақлиётиву транзитӣ ва амалӣ кардани тарҳи дорои аҳамияти минтақавии CASA - 1000 имконияти интиқоли ҳаҷми зиёди неруи барқро ба Афғонистон фароҳам меорад. Тоҷикистон инчунин ҳавасмандии худро ба сохтмони хати роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон зикр намуд.
Ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ зарур шумурда шуд, зеро ин омил метавонад боиси рушди робитаҳо дар соҳаҳои ҳаётан муҳими тиҷорат ва бахшҳои гуногуни иқтисод, ҳамчунин густариши ҳамкории гуманитариву фарҳангӣ барои ҳар ду кишвар гардад.
 Тақвияти ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои  замони муосир аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
Пас аз анҷоми мулоқот аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро имзо карданд. Инчунин дар ҳузури сарони кишварҳо Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ба имзо расид.
Дар толори Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оид ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи баланд барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ доир намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2016    №: 90    Мутолиа карданд: 563

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед