logo

иқтисод

КОР ДАР ХОРИҶА. ОН ТО ЧӢ АНДОЗА ИМКОНПАЗИР АСТ?

То имрӯз 257 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтисосҳои гуногун дар хориҷи кишвар бо кор таъмин гардидаанд. Зиёда аз 100 шаҳраванде, ки вурудашон ба Федератсияи Русия манъ аст, дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҷойи кор таъмин шуданд. Ба ин кор агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа, ки моҳи майи соли 2014 таъсис ёфта, тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, машғул мебошад.

Мақсад аз таъсис додани агентӣ, пеш аз ҳама, ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ба таври муташаккилона сафарбар кардани муҳоҷирони меҳнатӣ, ба хориҷа мебошад. Доир ба ин мавзӯъ директори агентӣ Холбибӣ Ҳасанова чунин гуфт:
- Муассисаи мо бо ҳаждаҳ ширкати хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ бастааст. Имрӯз Ҷумҳурии Қазоқистон ба кадрҳои бинокор ниёзи бештар дорад, дархости онҳо ҳам асосан ба ҳамин самт равона гардидааст. Ҳоло вобаста ба буҳрони молиявии ҷаҳонӣ вазъи корхонаҳои давлатҳои қабулкунанда низ мушкил шудааст. Дар тӯли чор моҳи соли равон 650 шаҳрванд барои кор ба агентӣ муроҷиат намуд. Бояд ба назар гирифт, ки сатҳи тахассусии муроҷиаткунандагон ба талаботи корфармоҳо ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, вақте ки корфармо дархост мекунаду мо корҷӯёнро омода месозем, худашон тариқи барномаҳои интернетӣ ҳамсуҳбат шуда, муҳоҷири меҳнатиро интихоб мекунанд. Корҷӯёне, ки мо ба таври муташаккилона ва расмӣ сафарбар менамоем, шартномаҳо ба имзо расонда ба фаъолият шурӯъ менамоянд. Баъди ба охир расидани муҳлати шартнома, онро метавонанд тамдид намоянд. Мо корҷӯро сафарбар менамоему аз ҳолатҳои будубош дар давлатҳои қабулкунанда ахборот медиҳем. Мутаассифона, шаҳрвандоне низ ҳастанд, ки сазишномаҳоро вайрон ва шартномаро пеш аз муҳлат катъ карда бармегарданд.
  Ба ин чанд омил сабаб шуда метавонад. Аз ҷумла, кам будани музди меҳнат. Шароити будубош ҳам дар аксари ҳолатҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, аксарияти шаҳрвандони мо ба душворӣ дучор мешаванд. Вақте муҳоҷирони меҳнатӣ шартномаро дағалона вайрон мекунанд, онҳо ба агентӣ эътироз мекунанд. Дар ин сурат ба ҷои он муҳоҷирони меҳнатӣ дигар муҳоҷирон сафарбар карда мешаванд. Талаботи корфармо пеш аз ҳама ба сатҳи тахассусӣ ҷавобгӯ будани муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Мо ҳам, албатта, мутахассиси ҳамон касбро дарёфт карда равон мекунем. Барои ин дар муассиса махзани маълумот таъсис додаем. Шаҳрвандонеро, ки муроҷиат мекунанд, ба категорияҳо ҷудо мекунем. Вақте аз тарафи корфармо дархост мешавад, мо ҳатман тибқи махзани маълумот корҷӯёнро ба муҳоҷирати меҳнатӣ тайёр менамоем. Дар ин самт донистани забон, малакаи корӣ, риоя кардани қонунҳои давлатҳои қабулкунанда пеш аз сафар ба ҳамаи муҳоҷирон фаҳмонда мешавад. Дар корхона тамоми шароитҳо барои шаҳрвандон фароҳам оварда шудааст. Муассиса имрӯз кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҳарчи хубтару беҳтар ба корҷӯён хизмат расонад ва мутахассисон машваратҳои ҳуқуқию корӣ анҷом диҳанд.

Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2016    №: 91    Мутолиа карданд: 656

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед