logo

фарҳанг

ШАШМАҚОМ. АЗ БУЗРУК ТО ИРОҚ

Устоди шодравон Фазлиддин Шаҳобов аз худ осори бузурги илмӣ боқӣ гузошт. Он аз «Баёзи Шашмақом» ва мақолаҳои зиёд иборат мебошад. Ӯ тавонист риштаи илми мусиқии мактаби классикии тоҷикро ба насли нав дуруст фаҳмонаду расонад ва мақоми Шашмақомро дар ҷомеаи нав устувор  гардонад.
Рисолаи ин устоди бузург оид ба Шашмақом ягона рисолаи илмие мебошад, ки дар асри ХХ роҷеъ ба Шашмақом таълиф гаштааст. Он аз донишу  фаҳмиши мукаммали ин устоди зиндаёд  – устоди кулли Шашмақом шаҳодат медиҳад.
Фароғат Азизӣ,
доктори илми санъатшиносӣ, профессор

Ба Шашмақом 256 оҳанги классикии созӣ ва овозӣ, яъне роҳи машқ ва хониш дохил мешаванд. Ба таркиби Шашмақом мақомҳои Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ дохиланд, ки ҳар кадоми онҳо дорои мазмуни манзум ва шакли хоси худ мебошанд. Ҳар як мақом аз се қисми калон  тартиб ёфтааст.
Қисми якуми он оҳангҳои машқиро дар бар мегирад ва мушкилот номида шудааст. Азбаски сохти умумӣ ва тарзи  иҷрои ин қисми мақом хусусан аз ҷиҳати усул, яъне зарби дойраи он, хеле мураккаб аст, онро мушкилот  номидаанд. Ин қисм аз Тасниф, Тарҷеъ, Гардун, Нағмаву Ораз, Пешрав, Самоӣ, Хафиф, Фарфар, Чанбар, Мухаммас ва Сақил иборат буда, бо асбобҳои алоҳидаи мусиқӣ ва ё бо ансамбли асбобҳои халқӣ навохта мешавад. Дар ин қисм ҳофизони  яккахон ва ансамбли ҳофизон иштирок намекунанд.
Дар айни замон ба ҳар қисми мақом шакли муайяни зарби дойра мувофиқ аст, ки усул ном дорад. Баъзе аз ин усулҳо, чунончи усулҳои тасниф ва тарҷеъ дар мушкилот, аз ҷиҳати  сохти худ одӣ мебошанд.
Маънои тарҷеъ «бозгашт» ё «такрор» мебошад. Қисмҳои  тасниф ва тарҷеъ шакле доранд, ки он  пешрав номида мешавад. Ин тавр  ном гирифтани ин шакл аз он ҷост, ки он аз қатори секвенсияҳои батадриҷ баланду пастшавандаи дар зинаҳои гуногуни гамма такрор шударо дар бар мегирад. Ин секвенсияҳо дар тасниф ва тарҷеъ ва ҳамчунин дар қисмҳое, ки пешрав ном доранд, ҳамаи пардаҳои танбӯрро ба тарзе аз пасттарин парда сар карда, батадриҷ то болотаринаш  мерасонад.
Оҳанги гардун аз сархонаҳои гуногун эҷод шудааст, ки паи ҳам меоянд. Оҳанги гардун бозгӯй надорад, яъне  ба ҷумлаи шаклҳои «рондомонанд» дохил намешавад.
Усули гардун, ки фосилаи ҳаштчаҳорякӣ дорад, аз усулҳои таснифу тарҷеъ мураккабтар  мебошад. Баъзе усулҳои дигар, чунончи усулҳои мухаммас ва сақил, аз ин ҳам мураккабтаранд. Ин усулҳо давраҳои мураккаби зарбҳоро ташкил мекунанд.
Мухаммас яке аз оҳангҳои мустақили асосии мушкилот буда, барои якканавозони мусиқии халқӣ мувофиқ аст.
Масалан, дар мақоми Бузрук Мухаммаси Бузрук аз чаҳор  сархона ва як бозгӯй ва Мухаммаси Насруллоҳӣ аз се сархона ва як бозгӯй иборат буда, ҳар як дорои усули мураккабе мебошад, ки ба фосилаи сивудучаҳорякӣ баробар аст.
Оҳанги сақил дар байни ҳавоҳои мушкилот дорои усули мураккабтарин мебошад. Сақил, чӣ тавре, ки аз маънои калима мафҳум аст, як оҳанги вазнини калонҳаҷм  буда, дар вақти иҷрои он диққати том ва маҳорати баланди иҷрокунандагии навозанда, алалхусус дастгирандаи усули он, яъне дойранавоз ниҳоят зарур аст. Чунки шакл ва усули сақил нисбат ба ҳамаи оҳангҳои  мушкилот хеле мураккаб аст. Дар таркиби сақил бозгӯй, яъне банди такрорёбандае, ки  дар ҳавоҳои дигари мушкилот аз паси ҳар сархона паи ҳам меояд, ҷой надорад. Вазифаи бозгӯйро дар сақил фарсақил ном  банди оҳанг адо менамояд, ки он дар  фароварди ҳар сархона навохта мешавад. Ва ҳар сархона ҳам ба ду қисм ҷудо мешавад: яке аз он қисми асосиест, ки ба фосилаи сивудучаҳорякӣ баробар буда, қисми дигарашро фарсақил меноманд, ки фосилаи он ба шонздаҳчаҳорякӣ баробар аст. Ва ҳар ду ба якҷоягӣ усул, яъне зарби сақилро ташкил медиҳанд, ки ҳамагӣ ба фосилаи чиҳилуҳаштчаҳорякӣ баробар мешавад.
Масалан, дар мақоми Бузрук ду сақил меояд. Сақили Ислимӣ аз шаш сархона иборат аст. Сақили Султон қисми  якуми мақоми Бузрукро ба анҷом мерасонад. Он аз ҳашт сархона иборат аст.
Қисми дувум, ки қисми асосии мақом аст, қисми овозӣ, яъне роҳи хониш буда, онро наср меноманд. Ин қисм асосан аз чаҳор ҷузъи калони яккахонӣ, аз қабили Сарахбор, Талқин, Наср ва Уфар иборат аст, ки инҳоро асосан ҳофизони яккахон месароянд.
Дар миёни ин сурудҳои мустақил сурудҳои на чандон калони шӯху тарабангез меоянд, ки онҳоро тарона мегӯянд. Азбаски шакл ва хусусияти хоси  таронаҳо аз ҳофизон иҷрои  шӯхона ва чолокиро талаб менамоянд, бинобар он  таронаҳоро одатан гурӯҳи ҳофизон бо ёрии ҳамдигар месароянд.
Қисми севум шуъба ном дорад. Ин қисм ҳам роҳи сурудхонӣ буда, аз якчанд асарҳои алоҳида, асарҳои сеқисма, чаҳорқисма ва панҷқисма тартиб ёфта, бо номҳои Савти сарви ноз, Муғулчаи Бузрук, Ироқи Бухоро, Бебокча, Синахурӯш, Рок, Савти Ушшоқ, Савти Сабо, Савти Наво, Муғулчаи Наво, Мустазоди наво, Савти калон, Савти Чоргоҳ, Муғулчаи Дугоҳ, Қаландарӣ, Самандарӣ, Сарахбори Оромиҷон, Муғулчаи Сегоҳ, Гиря машҳур шудаанд. Онҳоро шуъбаҳои мақом мегӯянд. Аксарияти ин асарҳо панҷқисма буда, ба ҳар кадом қисмҳои дохилии онҳо низ номҳои махсус ниҳода шудааст. Чунончи, як «сюита» - и панҷқисмаро аз шуъбаи  мақоми Бузрук бо номи Савти сарви ноз мисол мегирем:
1. Савти сарви ноз
2. Талқини Савти сарви ноз
3. Қашғарчаи Савти  сарви ноз
4. Соқиномаи Савти сарви ноз
5. Уфари Савти сарви ноз
Баъзе сурудҳои алоҳидаи қисми шуъба, аз қабили Бебокча, Синахурӯш аз шуъбаи мақоми Бузрук, Қаландарӣ, Самандарӣ аз шуъбаи мақоми Дугоҳ ё худ Нимчӯпонӣ аз шуъбаи мақоми Сегоҳ якҷузъа буда, сурудҳои мустақиланд. Ва баъзе аз онҳо сеҷузъа мебошанд. Чунончи, Сарахбори Оромиҷон аз шуъбаи  мақоми Дугоҳ, Муғулчаи Сегоҳ ва Гиря аз шуъбаи мақоми Сегоҳ. Ҳар кадоми онҳо дорои усулҳои гуногунанд.  

Ф. ШАҲОБОВ (аз бойгонӣ)


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2016    №: 91    Мутолиа карданд: 875

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед