logo

иҷтимоиёт

ПАНҶАКЕНТ: ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИАТ РАФЪ МЕШАВАНД

9 майи соли равон дар натиҷаи боронҳои шадиди  пай дар пай дар шаҳри Панҷакент селҳои даҳшатбор омада, аз ҳама  бештар ба деҳаҳои Шӯрча, Савр, Наврӯзтеппаи  Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, маҳаллаҳои Сои Мисрак, Зардолузор, Қайнари шаҳри Панҷакент, деҳаҳои Шашқати Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, Дашти Қозӣ, Киштудаки Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, ҷамоатҳои деҳоти Амондара, Лоиқ Шералӣ хисорот  расонданд. Аз офати табиат соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ ва як қатор корхонаву муассисаҳои шаҳр зарари ҷиддӣ дид. Як  нафар бар асари ин офат ҳалок шуд. 

Ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввали омадани сел мардуми шаҳру деҳоти Панҷакент дасти тавонои мадад, таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии моддиву маънавии раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодириро эҳсос намуда, изҳори самимият ва миннатдории бепоён мекунанд.
Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, муовинони раиси шаҳр, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ба мавзеъҳои  офатрасида рафта,  барои наҷот додани мардум ва пешгирии хатар ба иншооти хоҷагии халқ чораҳои амалӣ андешиданд. Ба таври таъҷилӣ 7 гурӯҳи вижаи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр таъсис дода шуд. Ин гурӯҳҳо аз соати 19:00 то 23:00 якҷо бо сокинони маҳалҳо  ва фаъолон барои ба ҷойҳои бехавф кӯчондани сокинон ва маълум намудани зиёни ба хоҷагии халқ расида машғул шуданд.
 Дар ҷаласаҳои ситоди  кории назди раиси шаҳр ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиат, ҳалли мушкилоти баамаломада ҳар соат баррасӣ мешаванд.
Дар давоми  ду рӯзи пас аз омадани сел фаъолияти шабакаҳои барқу обрасонӣ, алоқа пурра барқарор гашт ва ҳоло онҳо ба таври муназзам фаъолият мекунанд. Роҳҳои протоколӣ, кӯчаҳои шаҳр аз лойоб пурра тоза карда шуданд. Дар варзишгоҳи марказии шаҳр бошад, корҳои барқарорсозӣ идома доранд. Равуои мунтазами нақлиёти мусофирбар дар дохили шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот ба роҳ монда шудааст. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба роҳбарони ташкилоту идораҳо, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ҷиҳати дастгирии оилаҳои аз офати табиат  зарардида ва расондани кумаки моддӣ муроҷиат намуд. Дар лаҳзаҳои аввалини пас аз сар задани офат  ба ҳар кадоми 313 оила 50 килограммӣ орд ва 5 килограммӣ равған дода шуд.
Ҷиҳати пурра бартараф намудани оқибати офати табиат аз ҷониби сокинони Панҷакенти бостонӣ ҷараёни корҳо идома дорад.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
“Ҷумҳурият”,
Луқмонҷон ҚУРБОНОВ,
“Зарафшон”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2016    №: 91    Мутолиа карданд: 538

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед