logo

ҳуқуқ

ВАҚТ КАМУ МАСЪУЛИЯТ ЗИЁД

То баргузории  раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзҳои башумор мондааст.
Омодагиҳо ба ин чорабинии  муҳими  сиёсӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудааст? Барои ба ин суол посух гирифтан бо мутасаддиёни он суҳбате доштем. Маълум гашт, ки дар маркази   вилояти  Хатлон - шаҳри  Қӯрғонтеппа 25 ҳавза ва 1042  қитъаи интихоботӣ таъсис дода шудааст. 
Абдураҳим   Улфатов,  сармутахассиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ки ҳамзамон масъули ҳавзаҳои интихоботии 14 шаҳру ноҳияи  минтақаи  Қӯрғонтеппаро ба уҳда дорад, мегӯяд, ки омодагиҳо қонеъкунандаанд. Дар ноҳияҳои  Ҳамадонӣ -  67 707, Фархор - 8 952 , Бохтар 109 000  ва  Ёвон - 53 3 65 интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст. «Айни ҳол дар ҳамаи комиссияҳои қитъаҳои ҳавзаи раъйдиҳии Қӯрғонтеппа тартибдиҳии рӯйхати раъйдиҳандагон дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.  Аъзои ҳавза ва қитъаҳои раъйдиҳӣ миёни ҷавононе, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд ва дар ин маърака бори аввал иштирок мекунанд, мунтазам вохӯриҳо доир намуда, атрофи тағйиру иловаҳо маълумоти зарурӣ медиҳанд», - гуфт Абдураҳим   Улфатов.
Дар доираи корҳои омодагӣ ҷиҳати омӯзиши зарурати тағйиру иловаҳо, қонунгузории интихобот ва раъйпурсӣ бо иштироки роҳбарияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин масъулони комиссияҳои ҳавзавию участкавӣ, раисони маҳаллаҳо,  фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва интихобкунандагони касбу кори гуногун вохӯриву семинарҳои омӯзишӣ доир гардид.
Дар ҳавзаи  интихоботии ноҳияи Ёвон 1 775 интихобкунанда бори аввал раъй медиҳад.
«Рушди устувору босуботи ҷомеа тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд.  Ин тағйирот ба  рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар Паёми имсола бори дигар зикр намуданд, ки  муҳайё намудани шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва ҳукумат мебошад. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ба амалӣ намудани ин мақсади олӣ мусоидат мекунад», - иброз дошт Миралӣ Одинаев, раиси ҳавзаи интихоботии ноҳияи Ёвон.
Масъулони ҳавзаи интихоботии ноҳияи Ёвон мегӯянд, ки барӯйхатгирии раъйдиҳандагон сари вақт ба охир расида, ба онҳо тақсим намудани хабарномаҳо ва фаҳмондани  тарзи дуруст пур кардани бюллетенҳо аз масъалаҳои муҳимест, ки аъзои комиссияи ноҳия ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.
Ҳарамгул САНГОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2016    №: 91    Мутолиа карданд: 458

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед