logo

сиёсат

CASA-1000

АВВАЛИН ТАРҲИ БАЙНИМИНТАҚАВИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОСИЁИ ҶАНУБӢ

Субҳи 12 май дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи  барқи CASA - 1000 асос гузошта шуд.

Дар километри 47 - уми шоҳроҳи Душанбе - Турсунзода дар маҳали баргузории чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олиқадр, сарони кишварҳо ва ҳукуматҳоро истиқбол гирифт.
Нахуст дар вазъияти тантанавӣ роҳбарони кишварҳо ба назди такягоҳи оҳании рамзи ифтитоҳи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи  барқи CASA - 1000 омада, бо калидҳо мурватҳоро ба такягоҳ тоб доданд. Сипас, бо пахши тугмаи рамзӣ татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи  барқи CASA - 1000 расман оғоз гардид. Баъдан дар ҳамин ҷо вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода аз рӯйи лавҳаи омодакарда ҳозиронро бо масири интиқоли неруи  барқ тибқи Лоиҳаи CASA - 1000 шинос кард.
Пас аз оғози татбиқи лоиҳа роҳбарони кишварҳои иштирокчии татбиқи ин лоиҳа бо сокинони шаҳри Турсунзода, ноҳияи Шаҳринав ва дигар фаъолони ҷумҳурӣ мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар маросими оғози татбиқи лоиҳа инчунин ҳайатҳои расмии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст меҳмонони олимақомро барои ташриф ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иштироки онҳоро дар оғози татбиқи лоиҳаи муштараки дорои аҳамияти минтақавӣ фоли нек номид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки маросими имрӯзаи оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хати интиқоли барқи CASA - 1000  барои ҳамаи мо ҳамчун рамзи шурӯи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ лаҳзаи хотирмону дорои аҳамияти таърихӣ мебошад.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оғоз ва аҳамияту афзалияти лоиҳаи CASA - 1000 Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков, Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Ҷанубӣ хонум Аннет Диксон андеша ронданд.
CASA - 1000 аввалин тарҳи муштараки байниминтақавии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буда, пайвасти шабакаҳои барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар бар мегирад. Ин тарҳ норасоии неруи барқро коҳиш дода, дар ташаккули бозори энергетикӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратии кишварҳои шарик, таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо дарназардошти як қатор манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ҳиссагузор хоҳад буд. Асосноккунии техникӣ - иқтисодии лоиҳа соли 2009 анҷом дода шуда, соли 2011 аз нуқтаи назари тиҷоратӣ тасдиқ гардидааст. Ин тарҳ барои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бобати содироти неруи  барқи изофагӣ дар фасли тобистон ва ба даст овардани даромади воқеӣ имконияти мусоид фароҳам оварда, барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти Афғонистон ва Покистон бо неруи  барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза хизмат хоҳад кард.
Дар назар аст, ки фурӯшандагони неруи  барқ - Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳҳои май - сентябр то 5 миллиард киловатт - соат, аз ҷумла 3 миллиард киловатт - соат Тоҷикистон ба харидорон - Афғонистон ва Покистон таҳвил хоҳад кард.
Татбиқи лоиҳаи CASA - 1000 аз гомҳои нахустинест дар раванди амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳо ва мувофиқаҳои муштарак бо мақсади таҳкими робитаҳои коммуникатсионӣ ва инфрасохторӣ миёни кишварҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, ки минбаъд барои рушду шукуфоӣ ва саодату осудагии мардумони он мусоидат намуда, барои иқдомҳои минбаъда дар ин самт замина хоҳад гузошт.
Маблағи умумии лоиҳаи CASA - 1000 як миллиард доллар арзёбӣ мегардад. Барои иҷрои ин тарҳ Тоҷикистон ба миқдори 320 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб мекунад. Сармояҳои Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион долларро ташкил медиҳанд.
Дар марҳилаи аввал хати баландшиддати 500 киловаттаи интиқоли неруи барқ аз Даткаи Қирғизистон ба Хуҷанди Тоҷикистон бо дарозии 477 километр бунёд шуда, сипас сохтмони хати баландшиддат аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он кишвар ба Покистон бо дарозии 750 километр оғоз хоҳад шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2016    №: 91    Мутолиа карданд: 470

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед