logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ШЛОП
Ба гӯши Ашӯр Сафар овоза мерасад, ки Ғафур Мулло дар Душанбе барояш як шлоп туҳфа харидаасту имрӯз ё пагоҳ мерасонадаш. Ашӯр Сафар аз ин туҳфаи рафиқаш, ки он вақтҳо ниҳоят ба мӯд даромада буд, хурсанд шуда, онро бесаброна интизорӣ мекашад, вале аз шлоп на пай буду на ҳайдар.
Ниҳоят баъди ним моҳи интизорӣ онро худи Ғафур Мулло гирифта ба хонааш меорад.
- Ҳа, домулло, куҷо гум шудӣ, ки овозаат ду ҳафта пеш омаду худат нав расидӣ?
- Эҳ, домулло, напурс. Қариб мурда будам, - бо алам нақл мекунад Ғафур Мулло. – Аз ағбаи Шар-Шар мефуромадем, ки мошинамонро ях партофт. Ин тараф – он тараф тоб хӯрда, қариб ба ҷар рафта буд. Хайрият, ки ба ҷар нею ба теппа рафта зад. Худо раҳми маро хӯрду зинда мондам, қариб ки зада мемурдам…
- Домулло! – мепурсад Ашӯр Сафар, ки ҳама ҳушу ёдаш ба шлопи нав банд буду онро бо ҳавас тамошо дошт. – Ҳангоме ки мошинатонро ях партофту ин тараф – он тараф тоб хӯрда, ба ҷар нею ба теппа рафта зад ва ту қариб мемурдӣ, лекин зинда мондӣ, шлопи ман дар куҷо буд?
Гурез САФАР

 

АНӮШЕРВОНИ ОДИЛ
ФАРМУДАҲО
Анӯшервон ва ё Нӯшервон, маъруф ба  Анӯшервони одил, тимсоли шоҳи идеалӣ, одилу раиятпарварест, ки дар адабиёти паҳлавӣ, асрҳои миёнаи тоҷику форс ва таърихи ислом машҳур аст. Манбаи асосии пайдоиши чунин шахсияти таърихӣ ин подшоҳи 21 - уми сулолаи Хусрави 1 Анӯшервон (ҳукмрониаш солҳои 531 - 579) мебошад. Мувофиқи маълумоти «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ Анӯшервон ба ҷойи падараш Қубод ба тахт нишаста, раиятпарвариро пеша карда, сарварону ҳокимони кишварашро панд дода, онҳоро ба адолатпешагӣ ҳидоят мекунад. Ба халқ сабукиҳо бахшида, ислоҳоти зиёдеро дар хироҷгузорӣ ва корҳои ҳарбӣ мегузаронад.
Дар адабиёти бадеӣ ва халқӣ дар бораи Анӯшервони одил нақлу ривоят ва қиссаҳои ҳикматомези зиёди пандуахлоқӣ мавҷуданд, ки ҳамагӣ моҳияти адлу раиятпарварӣ доранд. Миёни халқ ривояте мавҷуд аст, ки Анӯшервон сараввал панду насиҳат ва ҳикматҳои 23 ҳокиму ҳакимҳои мулки худро ҳамчун дастури раҳнамо ба инобат гирифта, баъд ба давлатдорӣ шурӯъ намуда буд. Инак, он ҳикматҳо:
1. Ҳаргиз саросема набояд шуд. Пеш аз ба коре шурӯъ кардан, оқибати онро бояд андешид. Ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, даст назанед. Ба ҳарфи кордидагон гӯш диҳед.
2. Беозору раҳмдил бошед. Худро фурӯтан гиред. Тансиҳатиро қадр кунед. Дар назди онҳое, ки аз ғаму ғусса гиря доранд, нахандед.
3. Аз некон ибрат гиред. Аз душманон эҳтиёт бошед. Пеш аз харҷ ҳамёнро аз назар гузаронед.
4. Аз ҳад нагузаред. То метавонед дастгири дармондагон бошед. Дар ҳама ҷо дасту забонро эҳтиёт намоед. Аз кори баду ёри бад барҳазар бошед. Бе дӯст сафар накунед.
5. Аз беилмон илм омӯзед. Аз қарздорӣ ҳазар кунед. Аз каҷраҳон тарсед.
6. Ба касоне, ки моли дунёро ҷону ҷаҳони худ медонанд, насиҳат накунед. Ба пеши мурғи арзанхӯр донаи гавҳар мапошед.
7. Дар пеши гуруснагон хӯрок нахӯред. Ба ҳосили тайёри дигарон айёр набошед.
8. Ба амонат хиёнат накунед. Вақте ки зану шавҳар ба ҳам меситезанд, миёнрав набошед.
9. Ба дигарон бори ғам нашавед. Шармгин бошед. Шармгинӣ ҳуснро мефизояд.
10. Меҳмони нохонда нашавед. Қадри падару модарро донед, то фарзандон ба қадри шумо расанд.
Таҳияи
Раҷабалӣ САНГОВ


СЕБИ ХОМУ КӮДАК
Ду себро нишон гирифта  ба чӯб задам. Яке афтоду дигаре монд. Себи афтода зард буду наафтода ҳанӯз кабуд.
- Кош он кабуд меафтид, ин зард не. Кабуд сервитаминтар аст, апа…
  Апаам хандид.
- Сад чӯб занӣ, захмӣ ҳам кунӣ он намеафтад.
- Чӣ ин қадар ба шох сахт часпидааст, апа?
- Намедонӣ?
- Не.
- Хомай, кӯдакай.
Замоне ту ҳам хому кӯдак будӣ, ба очаам сахт мечаспидӣ. Аз сари синааш гирифтанат осон набуд. Бо чиррасту доду войят хонаро ба сар мебардоштӣ, хок мехезондӣ. Пухтӣ, дигар оча ба ёдат намезанад. Ҳамон себи наафтода ҳам мисли ту. Аз сабзӣ ба сурхӣ расид, бе чӯби ту худаш меафтад, тарки дарахт мекунад.
Раҷаб МАРДОН

 

ЗИНДАГИИ КӢ БЕҲТАР – ЗАНОН Ё МАРДОН?
Олимони амрикоӣ аз Донишгоҳи иёлати Мичиган исбот намуданд, ки занҳо назар ба мардҳо зиндагии бардавом, вале нисбатан бад доранд.
Натиҷаҳои таҳқиқот дар American Journal of Public Health ба табъ расидааст.
Мутахассисон маълумоти хадамотҳои амрикоиро оид ба нигоҳубини давомдор барои солҳои 1982 ва 2004, инчунин натиҷаҳои таҳқиқоти тандурустӣ ва пиршавии миллӣ дар соли 2011- ро ба асос гирифтанд.
Бо назардошти маълумоти бадастомада, нишондиҳандаҳои фавтнокӣ ва маъюбӣ, инчунин давомнокии умри занону мардон (аз 30  то 90 сол ва аз он ҳам боло) баҳо дода шуд.
Муайян гашт, ки ба ҳисоби миёна занҳо назар ба мардҳо панҷ сол зиёдтар умр мебинанд  - 81 бар 76 сол. Ин дар ҳолест, ки намояндагони ҷинси латифи солдида бештар ба бемориҳои гуногун, аз қабили илтиҳоби банд (артрит), афсурдаҳолӣ, камақлии пиронсолӣ ва муртшавии устуғонҳо гирифтор мешаванд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 

ИБРОҲИМ ҲАСАНОВ - УСТОДИ ВАРЗИШИ СССР
Иброҳим  Ҳасанов Устоди варзиши СССР ва тоҷик аст. Ӯ соли 1937 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар айёми наврасӣ бо баскетбол машғул буд. Қабл аз хатми мактаби миёна ба гирифтани дараҷаи дуюми баскетбол мушарраф гашт ва узви дастаи мунтахаби ҷамъияти «Спартак», ки он солҳо яке аз дастаҳои пурзӯри пойтахт буд, маҳсуб мешуд. Вале замони донишҷӯи дар факултаи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омӯзгории пойтахт ҷиддан ба заврақронӣ гузашт. Муҳаббат ба ин намуди варзиш дар дили Иброҳими ҷавон ғайричашмдошт маскан гирифт. Хоҳиши зиёд ва тамринҳои пайваставу хастанопазираш натиҷа медоданд.
Моҳи августи соли 1959 зӯрозмоиҳои ниҳоии Спартакиадаи дувуми халқҳои СССР баргузор гардид ва дар он заврақрони 22 - солаи Тоҷикистон ҳарифони пурзӯру таҷрибадорашро пушти сар гузошта, ба марра аввалин шуда расид. Ин ғалабаи нахустини ӯ дар чемпионати мамлакат буд.  Баъдан Иброҳим Ҳасанов 11 маротибаи дигар унвони чемпионии мусобиқоти СССР - ро ба даст овард.
Иброҳим Ҳасанов аввалин варзишгари тоҷикистоние буд, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Италия (Рим, соли 1960) ширкат намуд ва мақоми чорумро соҳиб шуд. Сипас, баъд аз чор соли он дар Олимпиадаи Ҷопон (Токио) низ ҳунарнамоӣ карда, дар қатори даҳ заврақрони беҳтарини Бозиҳои олимпӣ мавқеъ гирифт. Ӯ дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати ҷаҳон ва Аврупо, ғолиби чандкаратаи зӯрозмоиҳои байналмилалӣ мебошад.
Солҳои охири ҳаёташ ӯ мураббии тими мунтахаби заврақронони Эрон буд ва риштаи умраш 2 марти соли 2010 дар Теҳрон гусаста шуд.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»    

 

Дейл КАРНЕГӢ
ҲАР КАС МЕТАВОНАД БОРИ ХУД БИКАШАД
Шумо ва ман ин лаҳзаҳо дар маҳали буриши ду абадият истодаем: гузаштаи беканор ва ояндае, ки ба пеш, то ба охири дунё майл дорад. Маълум, ки мо дар як вақт наметавонем дар ин ду абадият зиндагӣ намоем. Не, ин ҳеҷ мумкин нест, ҳатто як сония ҳам! Агар чунин кӯшиш зоҳир намоем, ҳам саломатиамонро бой медиҳем ва ҳам майнаамонро хароб месозем. Барои ҳамин ҳам, биёед аз ҳамин як пораи вақт, аз субҳ то вақти хоб, баҳра бардорем. «Ҳар кас метавонад бори худро, ҳар чи қадар вазнин бошад ҳам, то фаро расидани шом бикашад, - навиштааст Роберт Стивенсон. – Ҳар кадоми мо кори якрӯзаи худро, мушкил бошад ҳам, метавонем иҷро кунем. Ана ҳамин аст мақсади зиндагонӣ».
Вале хонум Шилдс то вақте инро омӯхт, хеле азият кашид, ба ҳаяҷону изтироб меомад, ҳатто дар нияти худкушӣ буд. «Соли 1937 шавҳарамро аз даст додам, - гуфт Шилдс,- аз ин хеле ба даҳшат афтодам, охир ягон воситаи зиндагӣ надоштем. Ҳаёт бароям мазмуни худро гум кард. Доимо дар ҳарос будам: метарсидам, ки иҷорапулӣ пардохта наметавонам, маблағам барои хӯрок намерасад, метарсидам, ки бемор мешаваму ҳаққи хизмати табибонро дода наметавонам ва барои дору пул намеёбам. Маро андешаи он ки мабодо хоҳарам барои гӯручӯби ман қарздор нашавад, аз худкушӣ нигоҳ медошт.  Боре хондани мақолаеро ба ман тавсия доданд. Пас аз мутолиа ба зиндагӣ дилам гарм шуд аз як ҷумлаи он: «Барои одами боақл ҳар рӯз ҳаёт аз нав оғоз меёбад». Ман акнун аз оянда ҳарос надорам, фақат ғами имрӯзро мехӯрам.
Тарҷумаи Нозирҷон ЁДГОРӢ

 

92 ҲАРФИ ЯК НОМ
Дар дунё номҳои аҷиб хеле зиёданд. Шояд касе  ёфт нашавад, ки исми рассоми машҳур Пабло Пикассоро нашунида бошад. Вале номи пурраи ӯро на ҳар кас медонад, ки он - Пабло Пикассо - Пабло Диего Хозе Франсиско де Паула Хуан Непомукено Криспин Криспиано де ла Сантисима Тринидад Руиз и Пикассо, яъне расо аз 92 ҳарф иборат мебошад.
Ба яке аз мактабҳои ҷазираҳои Гавайӣ як духтари аҷоиб омад. Имкони ба журнали синф пурра навиштани номи ӯ нашуд. Чунки ном аз 100 ҳарф ташкил ёфта буд: Напу-Амо-Хаа-Она-Она-Анека-Вехи-Вехи-Она-Хивеа-Нена-Вава-Кехо-Онка-Кахе-Хеа-Леке-Йеа-Она-Ней-Нана-Ниа-Кеко-Оа-Ога-Ван-Ика-Ванао. Ин ном ба забони тоҷикӣ чунин садо медиҳад: «Гулҳои водӣ ва кӯҳҳо Гавайиро бо накҳати худ муаттар мекунанд».
Оилаи Ҷексонҳо аз Чикаго ба панҷ фарзандашон Менингит, Ларингит, Аппендитсит, Перитонит, Тонзиллит барин номҳоро гузоштаанд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁР

 

Ҳафт қулла
АЗ ҶОМОЛУНГМА ТО КОСТЮШКО
Яке аз ҳафт қуллаҳои баландтарини ҷаҳон ва Осиё ин Ҷомолунгма (Эверест) ба шумор меравад. Онро риёзидон ва топограф Радханат Сидхарт муайян намуд. Ӯ қулларо соли 1852  дар асоси ҳисоби тригонометрӣ муайян кардааст. Баландии он 8848 метр ба ҳисоб меравад.   

Аконкагуа – дувумин қуллаи бузургест, ки он дар минтақаи марказии Аргентина ҷойгир буда, баландтарин теғаи Америкаи Ҷанубӣ ба шумор меравад. Баландии кӯҳи Аконкагуа 6962 метр мебошад.
Мак - Кинли ин сеюмин қӯҳи баландтарин аст, ки дар Америкаи Шимолӣ дар баландии 6168 метр ҷойгир аст. Аввалин шуда ин кӯҳро муаллими роҳнавардон Лаврентий Алексеевич Загоскин кашф кардааст. Мардуми таҳҷоӣ ин кӯҳро Денали ном мебаранд, ки тарҷумааш «бузург» мебошад.

Калиманҷаро бо баландии  5891, 8 метр чорумин қуллаи бузург аст, ки  дар Африқо  ҷойгир аст. Он бо номи  вулқони хамӯшшуда машҳур аст. Агар нӯги калонтаринаш   Калиманҷаро бошад, боз ду нӯги дигар низ дорад, ки яке Шира аз тарафи ғарб бо баландии 3962  метр  аз сатҳи баҳр, дигараш - Кибо бо баландии 5149 метр  дар тарафи шарқ мебошад.
(Давом дорад)
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА

 

МАЪБАДИ САГРАДА ФАМИЛИЯ – ФАХРИ БАРСЕЛОНА
Шаҳри Барселонаи Испания на танҳо бо дастаи футболи ҳамноми худ машҳур аст. Дар олам онро чун макони сайёҳӣ низ мешиносанд. Яке аз шоҳкориҳое, ки дар Барселона қомат афрохта,  диққати миллионҳо сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд, Маъбади Саграда Фамилия мебошад. Ҳарчанд сохтмони ибодатгоҳ ба охир нарасида бошад ҳам, он соли 2005 аз ҷониби ЮНЕСКО чун Мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф гашт.
Андешаи сохтмони ибодатхона ба китобфурӯши сарватманди каталонӣ Ҷозеф Бокабелло тааллуқ дорад. Ӯ аз тамошои Ватикан ба ваҷд омада, ният кард, ки дар ватани хеш маъбаде бунёд намояд, то ҷаҳониёнро ба ҳайрат оварад. Аввалин меъмори ибодатгоҳ Франсиско дел Виляр буд, ки таҳти сарварии ӯ 19 марти соли 1882 бунёди Маъбади Саграда Фамилия оғоз ёфт. Вале охири  ҳамон  сол бо сабаби ихтилофҳо бо фармоишгар Франсиско дел Виляр маҷбур шуд, ки сохтмонро тарк гӯяд.
Соли 1883 яке аз нобиғагони замон Антонио Пласидо Гилермо Гауди Корнет меъмори маъбад таъйин мегардад. Ӯ тарҳи ибодатгоҳро ба куллӣ тағйир медиҳад. Сохтмони Маъбади Саграда Фамилия ба худ азамати бесобиқа мегирад, ки аз он на танҳо фармоишгарон, балки бинокорон низ ба таҳлука меоянд. Ин боис мешавад, ки Антонио Гауди зери танқиди шадид қарор бигирад. Чун Антонио Гауди бо меҳри беандоза ба бунёди маъбад даст зада буд, сарфи назар аз тамоми интиқодҳо, кори пешгирифтаашро пурсаброна идома медод.  Вале умр бевафоӣ мекунад. Антонио Гауди соли 1926 (ҳатто аз чор як ҳиссаи сохтмон ба анҷом нарасида буд) аз олам дармегузарад. Пас аз даргузашти ӯ меъморони дигар тарҳи кашидаашро тағйир намедиҳанд ва бунёди ибодатхона бо мушкилӣ ҳам бошад, давом дорад. Тибқи пешгӯиҳо маъбад бояд солҳои 30-юми асри XXI мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Тамоми муҳаққиқон ва меъморон аз азамат  ва шукӯҳу шаҳомати Маъбади Саграда Фамилия дар ҳайратанд ва ба тарроҳи он – Антонио Гауди таҳсину офаринҳо мегӯянд. Бале, Антонио Гауди аз худ барои насли имрӯз бинои камназире ба мерос гузошт. Ҳамин аст, ки ҳар сол аз гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон қариб се миллион нафар маҳз ба хотири тамошои Маъбади Саграда Фамилия меояд.
Ш. ШОКИР, «Ҷумҳурият»   

 

Андарз
АСРОРИ СЕ ПАНД
Сарватманди адигеиро ягона писар буд. Падар пеш аз марг фарзандро назди худ хонду гуфт:
- Туро се панд мегӯям, ки бояд тамоми умр риоя намоӣ: ҳеҷ вақт якум салом магӯ; ҳар бегаҳ ширинӣ бихӯр; ҳар субҳ пойафзоли нав бипӯш.
Баъди чанде  падар даргузашт, писар ба иҷрои гуфтаҳои қиблагоҳ шурӯъ намуд: нахустин шуда салом намедод; ҳар шом ширинӣ тановул мекард; ҳар субҳ бо пойафзоли нав аз хона мебаромад. Аммо ҳодисаи ғайричашмдошт рӯй дод: дар деҳа дигар касе бо ӯ гап намезад, ҳама пулаш ба ширинию пойафзол сарф шуд. Баъди ин ҳол ҷавон назди модар омаду гуфт:
- Оча, наход падар душманам буд, ки чунин пандҳо дод?
Дар ҷавоб модараш гуфт:
- Падарат ба ман дахолатро ба корҳои ту манъ карда буд. То вақте ки худ напурсӣ. Панди якум - ҳеҷ гоҳ якум салом магӯ - ба он маънист, ки аз ҳама пештар аз хоб хеста машғули кори саҳро шавӣ, одамони раҳгузар нахуст шуда саломат медиҳанд. Панди дуюм ҳар бегоҳ ширинӣ бихӯр ба он маънист, ки чун рӯзи дароз дар саҳро меҳнат кардӣ, бегоҳ ҳама гуна хӯрок ширин хоҳад буд. Панди сеюм - ҳар субҳ пойафзоли нав пӯшӣ - ба он маънист, ки мард худ бояд қабл аз хоб либосу пойафзолаш тавре тозаву озода созад, ки субҳ ба назараш нав намояд.
Аз субҳи дигар ҷавон чуноне кард, ки модараш гуфта буд. Муддати мадиде нагузашта сарватманд гашт, зеботарин духтарро ҳамсар гирифт ва пандҳои падарро ба фарзандонаш гуфт.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»

 

МУАЛЛИФОНИ ДУНЁ
АЗ ДОРОТИИ 4 - СОЛА ТО САРАИ 107 – СОЛА
Сара ва Элизабет мо-ҳи октябри соли 1994 китоби худро бо номи «Китоби ҳикмат» -и  хоҳарон Дэлэни  дар синни  103-105  солагиашон ба табъ расонданд.
Сара Дэлэни бошад, идомаи китоби мазкурро дар синни 107 солагӣ бо номи «Худ ба худ 107 сол» дастраси хонандагон гардонд. Ин хоҳарони  амрикоӣ дар китоби рекордҳои Гиннесс ҳамчун калонсолтарин нависандагони дунё дохил шудаанд.
***
Шаҳрванди Амрико Дороти Стрейт ҳамчун ҷавонтарин адиб дар китоби рекордҳои Гиннесс ҷой гирифтааст.
Дороти Стрейт китоби аввалини худро бо номи «Дунё чи гуна оғоз ёфт» соли 1962 дар синнӣ 4 солагиаш навиштааст. Китоби мазкур моҳи августи соли 1964 дар нашриёти «Пан Теон Букс» чоп гардид.
***
Жозе  Карлос Роки де Алпоим Инуэи бразилиягӣ тавонистааст, ки бо навиштани  асарҳои илмию фантастикиаш  ҳамчун нависандаи комёб шомили китоби рекордҳои Гиннесс гардад. Жозе тӯли даҳ сол аз моҳи июни соли 1986 то моҳи августи соли 1996  зиёда аз 1046 асари худро пешкаши хонандагон гардондааст.
***
Шаҳрванди музофоти Пелсинваняи Амрико Ҷон Сулсбо бо навиштани дарозтарин мактуб дар китоби рекордҳои Гиннесс ҷой гирифт. Мактуби навиштаи Ҷон ба идораи рӯзномаи «Аппер дофин сентинел» аз 25513 калима иборат буда, дар 8 шумораи ин рӯзнома аз моҳи август то моҳи ноябри соли 1979 ба чоп расидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ОДАМИ БОАДАБ, ЯЪНЕ КӢ?
(Аз номаи нависандаи рус А. П. Чехов ба бародараш Николай)
Одами боадаб бояд дигаронро бад-ин тарз ба ҳайрат орад:
Ӯ ҳамеша шахсияти одамро бо мусолиҳакорӣ ва назокату нармӣ эҳтиром мекунад.
Ӯ моликияти шахсии бегонаро эҳтиром қоил аст ва қарзашро сари вақт  медиҳад.
Ҳатто фиреби ночизеро ба атрофиён раво намебинад… Ногаҳониву ноогоҳона ба кори нафаре дахолат намекунад, то аз ӯ хоҳиш нашавад.
Ӯ худро ҳақир намешуморад, то тараҳҳуми дигаронро нисбат ба худ барангезад.
Ӯ хурофотпараст нест.
Агар истеъдод доштани худро донад, ба он арҷ мегузорад. Барои истеъдод ҳама чизро қурбон менамояд.
Ӯ дар худ эҳсоси зебоипарастиро ташаккул медиҳад.
Аслан, инҳоянд арзиши ҳар соати умри инсон!
Аз русӣ тарҷумаи Бузургмеҳри БАҲОДУР

 

100 разведкачӣ
КЕНДЗИ ДОИХАРА
Ҷосусӣ аз давраҳои қадим барои японҳо кори шарафманд ва ватандӯстӣ ба ҳисоб мерафт. Агар японие аз сафари хориҷа ақаллан бо як сирри хурдакаке ба манфиати диёраш барнагардад, ӯро одами содалавҳу гӯл мепиндоштанд. Японҳо ба сифати ҷосус шумораи аз ҳад зиёди одамонро истифода мебурданд. Сартарошҳо, духтурони дандон, фермерҳо, тоҷиру фурӯшандаҳо, таббохон ва намояндаи садҳо касбу ҳунарҳо ба ҷосусӣ шуғл меварзиданд. Маълумоти бешуморе гирд меомад ва ба шарофати кӯҳ – кӯҳ ҷамъ шудани номаҳо онҳо ҳатман ба кишвар манфиате меоварданд. Яке аз ҷосусони машҳури Япония Кендзи Доихара буд.
Бо вуҷуди қашшоқии оилавӣ ӯ академияи ҳарбии ситоди генералиро аъло хатм кард. Кендзи устоди рафтори пардапӯшона буд. Метавонист бо чанд тарз роҳ равад, андоми худро дар як рӯз чанд маротиб дигар намояд, дар як ҳафта то бист кило лоғар шавад. Се лаҳҷаи асосии чинӣ ва забони давлатии чиниро ба дараҷаи олӣ медонист, бо нуҳ забони аврупоӣ бе сакта ҳарф мезад.
Дар оғози соли 1920 Кендзи Доихара котиби генерал Хондзе Сигера, атташеи ҳарбии Япония дар Пекин таъйин гардид. Вай сардори худро дар сафарҳо ҳамроҳӣ мекард ва аз ин фоида бурда  Шанхай, Ханкоу, Тянтсзин, Нанкин ва ғайраҳоро меомӯхт. Соли 1925 Доихараро ба Манчжурия фиристоданд, зеро ин минтақа дар нақшаи японҳо ҷойгоҳи махсус дошт. Мехостанд онро ғасб намоянд. Вале Манчжурия соҳиби артиши мукаммале буд, ки ба он Чжан Сзолин, шахси ғаюр ва боқатъият фармондеҳӣ мекарду худро иттифоқчии Япония ва душмани қаттоли СССР эълон медошт. 
Доихара оҳиста – оҳиста кор гирифт. Вай бо ташкилоти «Аждаҳои сиёҳ» («Кокурюка»), такягоҳи асосии хадамоти махсуси японҳо, робита барқарор намуд. Мақсади ин созмон барқарорсозии сулолаи императорони манчжурии Син дар тахти Чин зери васояти Япония буд. Дар ин табаддулоти оянда шахси калидӣ Генри Пу, авлоди охирини императорони Чин, ба ҳисоб мерафт, ки ба ӯ Доихара ҳанӯз аз соли 1924 чашм андохта буд.  Дар айни замон Кендзи Чинро аз назар дур намедошт. Вай дар ин кишвар шабакаи махсуси ҷосусии худро ташкил намуд, ки бисёр гвардиячиёни сафед ба он шомил гаштанд. «Гурӯҳи ҷангии хизмати махфӣ» зиёда аз 5 ҳазор аъзо дошт аз ҳисоби гвардиячиёни сафеди гуреза ва дигар ҷинояткорони рус. Вай зиёда аз ҳазор нафар чиниёнро низ нон медод ва дар ҷамъоварии маълумот, корҳои террористию диверсионӣ, ҷангҳои байниқабилавӣ истифода мебурд.
Бори нахуст дар таърихи разведка Доихара маводи нашъамандиро ба кор бурд. Бо супориши ӯ дар Япония ба истеҳсоли тамокуе пардохтанд, ки дар таркибаш афюн буд. Онро дар майхонаҳои Манчжурия ба фурӯш монд, аксар бангӣ шуданд ва дигар ҳамаи фармонҳои Кендзиро иҷро мекарданд. Фурӯши ин тамоку дар Япония қатъиян манъ буд.
Дар соли 1926 Чжан Сзолин бо пофишории Кендзи аз Манчжурия ба Пекин лашкар кашид, қариб ду сол ҷангид, вақти бозгашт қаторааш дар роҳи Мукден таркиду ӯ ҳалок шуд. Кӣ тарконд: разведкаи Япония ё СССР, то ҳол номаълум, зеро ҳар ду ҳам ба ин кор ҳавасманд буд. 18 сентябри соли 1931 яке аз ҷосусони Доихара лейтенант Кавамото дар роҳи оҳани минтақаи Мукден садама ташкил кард ва ин сабаб гашту артиши Япония ба ғасби Манчжурия оғозид. 1 марти соли 1934 Пу И императори давлати лӯхтакмонанди Манчжоу-Го эълом гардид. .
Доихара бо шабакаи ҷосусии Олмони фашистӣ робита дошт, соли 1935 бо адмирал Канарис шартномаи ҳамкорӣ баст. Баъди торумори артиши Японияи миллитаристӣ Доихара ҳабс шуд ва бо ҳукми суд ӯро шаби 22 ба 23 декабри соли 1948 ба дор кашиданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2016    №: 92    Мутолиа карданд: 669

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед