logo

фарҳанг

ТЕАТРИ МАЯКОВСКИЙ ФАЪОЛИЯТАШРО ЯК ЛАҲЗА ҲАМ ҚАТЪ НАМЕКУНАД

Рӯзҳои охир дар атрофи кӯчонидани Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский сару садоҳои зиёде баланд шуда истодаанд. Гӯиё, ки фаъолияти ягона театри русии ҷумҳурӣ қатъ мегардад ва он ба нобуд шудани фарҳанги театрии рус дар Тоҷикистон боис ҳам мешуда бошад.

Маврид ба ёдоварист, ки кӯчонидани театр дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ мешавад ва он марҳила ба марҳила татбиқ гардида истодааст. Нақшаи мазкур солҳои 1975 - 1983 таҳия ва роҳандозии он соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид. Бо назардошти навсозию сохтмони биноҳои баландошёна дар қисмати марказии шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар хиёбони Рӯдакӣ иншооти як, ду ва сеошёнае, ки ба талаботи шаҳрсозӣ ва конструктивӣ ҷавобгӯ нестанд ва симои меъмориашон коста гардидааст, аз байн бурда мешаванд. Мутобиқи он зарурати кӯчонидани бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский низ ба миён омад.
«Бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский аввали солҳои 30 – юми асри XX сохта шуда, аз бинои якошёнаи дорои 300 ҷойи нишаст ва иморатҳои таъйиноти хоҷагидорӣ иборат аст. Муҳлати истифодабарии он панҷоҳ сол муайян гаштааст. Вале қариб навад сол мешавад, ки мавриди истифода қарор дорад. Дар ин муддат бино  фарсуда гардида, ба талаботи театри замонавӣ ҷавоб дода наметавонад», - иброз дошт зимни суҳбат сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Акрамов.
Номбурда, ҳамчунин, мушаххас сохт, ки ҳайати эҷодии театр фаъолияти минбаъдаашро дар Кохи Тоҷикистон идома  хоҳад дод. 
Яке аз паҳлуҳои мусбати ин иқдом ҳамин аст, Кохи «Тоҷикистон» дорои 500 ҷойи нишаст буда, дар паҳлуи Боғи фарҳангиву фароғатии "Дӯстии халқҳо", ҷойи серодами шаҳр, ҷойгир аст. Дар ин минтақаи шаҳр, ҳамчунин,  се донишгоҳи давлатӣ, ду бозори бузурги пойтахт ва садҳо иншооти маъмурию давлатӣ қарор доранд.
Олим Акрамов вобаста ба мушкилоти мутобиқ намудани саҳнаи толори синамо ба фаъолияти театрӣ гуфт, ки чандин варианти таҷдиди он мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дошта, пас аз тасдиқ шудани лоиҳаи таҷдид бино пурра ба театр мутобиқ гардонида мешавад. «Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро ҷиҳати ҷо ба ҷо намудани театр ва таъмини шароити корию эҷодӣ барои ҳайати кормандони он хоҳад дид.
Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти муназзами ҳайати эҷодӣ ташкилотҳои марбута супоришҳои мушаххас гирифтанд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин чораҷӯӣ мешаванд. Дар ин замина, вобаста ба тақозои фаъолияти театр корҳои мутобиқсозӣ, насби таҷҳизоти техникӣ дар саҳна ва толор, ҷобаҷогузории декоратсия, таъмиру тармими ҳуҷраҳои корӣ оғоз гардидаанд", - илова кард Олим Акрамов.
Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский 7 ноябри соли 1937, дар асоси гурӯҳи  ҳунармандони таҳти сарварии коргардони шинохтаи шӯравӣ А. Дикий ба Тоҷикистон омада таъсис ёфта, яке аз калонтарин театрҳои русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ҳоли ҳозир, ҳайати эҷодӣ ва кормандони онро 149 нафар ташкил медиҳад.
Театр пурра аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ шуда, ҳеҷ гуна тасмим ҷиҳати бастани он гирифта нашудааст ва нахоҳад шуд. Чуноне ки дар Вазорати фарҳанг ба мо иттилоъ доданд, соли равон барои театри мазкур ҳудуди 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Бинобар ин, овозаҳое, ки бо ҳамин театри русӣ баста хоҳад шуд, ҳеҷ асос надоранд. Гузашта аз ин, Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар ҷумҳурӣ ягона театри русӣ набуда, Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А. С. Пушкин низ дар  шаҳри Бустони вилояти Суғд фаъолият менамояд. 
Ҳамчунин, «нигаронӣ» - и баъзеҳо аз он аст, ки арзиши таърихӣ доштани бинои театр ба инобат гирифта нашудааст. Вобаста ба ин масъала Шералӣ  Хоҷаев, сардори шуъбаи  ҳифз  ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг, мегӯяд, ки бинои театр ба феҳристи ёдгориҳои таърихӣ ворид нашудааст. «Ба ёдгориҳои таърихӣ се категорияи биноҳо дохил мешаванд: бостонӣ, меъморӣ ва монументалӣ. Ин бино ба ягон намуди ин категориҳо ворид карда нашудааст. Ҳатто  бо усули наққошӣ ва меъмории миллӣ ҳам бунёд наёфтааст», - гуфт  Шералӣ  Хоҷаев.
Бар асоси нақшаи такмилдодаи меъморони Пажӯҳишгоҳи “Гипрогор” - и Федератсияи Русия дар шаҳри Душанбе 15 биноро ёдгории таърихӣ эътироф кардаанд. Феҳристи он  аз биноҳои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, собиқ Китобхонаи Фирдавсӣ (ҳоло Палатаи ҳисоб), Меҳмонхонаи "Пойтахт", Академияи илмҳои Тоҷикистон, донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва тиббӣ, чойхонаи "Роҳат",  биноҳои бо каркаси чандирсохташуда дар хиёбони Рӯдакӣ, маҷмӯи манзилҳои зист дар рӯ ба рӯи боғи Рӯдакӣ, бинои бисёрқабата дар кунҷи майдони 800 - солагии Маскав ва бинои Кохи Ваҳдатро дар бар мегирад.
Айни ҳол ҳайати эҷодии театр дар толори «Наврӯз»-и Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба тамрин ва таҳияи асари нав машғул мебошанд. Аз вазъияти баамаломада бояд фоҷиа насохта, ба он баҳои ҳаққонӣ диҳем.
 
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2016    №: 92    Мутолиа карданд: 513

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед