logo

ҳуқуқ

ТАҚДИР

ОНРО БА ДАСТИ ХУД БОЯД НАВИШТ
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 22 майи соли равон бояд қабул гардад, албатта, гувоҳ аз амнияти кишвар ва рушди устувору босуботи ҷомеа аст. Ҳамчунин, вазъияти неку осоишта тақозо менамояд, ки он такмил биёбад. Такмил ба хотири рушди пайвастаи соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа сурат мегирад.
Ин бори дигар собит месозад, ки давлату Ҳукумат ва аҳли ҷомеа нисбат ба ояндаи худ бетараф нестанд. Аз ин рӯ, барои рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо бо ояндабинӣ ва дилсӯзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Мусаллам аст, ки ҳаргиз ин роҳ - роҳи нав ва ин таҷриба - таҷрибаи нав нест ва, аз ин рӯ, хато ба он роҳ намеёбад. Барҳақ фармудаанд:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Ҳақиқати ин навиштаҳоро ман ба таври равшану возеҳ дар такмили судбахши қонуни асосии кишвар мебинам. Бегумон, ин аз рушду пешрафти миллат ва кишвар шаҳодат медиҳад.
Баъзе аз ин тағйиру иловаҳо ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон иртибот мегирад, ки, воқеан, саривақтӣ буда, бисёр муҳим арзёбӣ мешавад.
Аз ҷумла, тағйироти моддаи чилунуҳум бад-ин шакл мебошад: «Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъйин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд». Дар ҳақиқат, ин тағйирот бисёр муҳим аст. Чаро? Чунки намояндаи халқ дар назди халқ шахси масъул маҳсуб меёбад. Бо ёд кардани савганд узви порлумон дар тамоми давраи фаъолияташ дар ин мақоми олӣ масъулиятнок буданашро дар вазифа беҳтару бештар дарк мекунад. Инчунин, дар зеҳну қалбаш сабт мешавад, ки тамоми фаъолияти пурсамараш бояд ба манфиати халқ равона гардад. Албатта, нафаре ҳам, ки савгандро мешиканад ва аз ҷониби ӯ амалҳои номатлуб содир мешавад, на танҳо аз боварии халқ мебарояд, балки боиси нафрин низ гардад. Ин як меъёр дар бисёр конститутсияҳои дигар кишварҳо низ пешбинӣ шудааст.
Баъзе қисми моддаҳо аз нигоҳи услубӣ таҳрир гардидаанд. Аз ҷумла, дар қисми сеюми моддаи панҷоҳу якум калимаи «ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ»  ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар», илова карда шудааст».Тавре аз матн бармеояд, ифодаҳо равшану возеҳ, суфта ва илова бисёр муҳим мебошад.
Ҳамин тавр, дигар тағйиру иловаҳо низ танҳо ба манфиати аҳли ҷомеа, давлату кишвар ва рушди соҳаҳои гуногун мебошанд. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон изҳор дошт, ки мардуми азизи кишвар барои он якдилона раъйи худро медиҳанд.
ВАЛИЗОДА Таҳминаи Самиъҷон,
судяи суди ноҳияи Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2016    №: 92    Мутолиа карданд: 351

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед