logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ. ТАҲКИМИ ОН ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Воқеан, пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯзҳо мавриди баррасии аҳли ҷомеа қарор дорад, арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, ба рушди минбаъдаи равандҳои демократисозии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат мекунад.
Тибқи муқаррароти моддаи 5 ва 14 калимаҳои «инсон ва   шаҳрванд», моддаҳои 17, 18, 19, 20, 26, 45 вожаи «кас», моддаҳои  22, 38, 39, 40, 41, 42, 44  «шахс» ва  дар  моддаҳои  24, 27, 28, 29, 37   «шаҳрванд»  истифода  шудааст. Аз  ҳамин  лиҳоз,  бо  мақсади  истифодаи  истилоҳи  ягона  дар  матни  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тағйиру  иловаҳои зарурӣ пешниҳод шудаанд. Инчунин, иваз намудани калимаҳои  «марзиву  маъмурӣ» ба  «маъмуриву ҳудудӣ»,  «қарордодҳо»  ба  «шартномаҳо», «ҷамъият» ба «ҷомеа», «туризм» ба «сайёҳӣ»,  «ҷиноӣ»   ба  «ҷиноятӣ» саривақтӣ ва ба мақсад мувофиқ мебошад. 
Тағйиру  иловаҳои дигар ба ягонагии  синну сол  дар  мансабҳои  хизматии давлатӣ иртибот доранд. Зеро интихоб ё таъйин  гардидан ба  мансабҳои  хизмати давлатӣ, ба монанди номзад ба  вакили  Маҷлиси  намояндагон  мутобиқи моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 25-солагӣ муқаррар шудааст. Яъне, ҳар  як  шаҳрванди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ки  синнаш  аз  25  кам  набуда,  дорои  таҳсилоти  олӣ  бошад,  метавонад  вакили   Маҷлиси  намояндагон   интихоб   шавад.  Дар  ҳамин  модда омадааст: узви  Маҷлиси  миллӣ ҳамон шаҳрванди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  интихоб  ё  таъйин  шуда  метавонад,  ки синнаш аз  35 кам  набошад.  Мутобиқи   моддаи  65 - и Конститутсия  синни номзад  ба  мансаби  президентӣ бояд аз  35 кам набошад.  Дар  боби  Ҳукумат  бошад,  синни  аъзои  Ҳукумат  муқаррар  нагардидааст. Тибқи  муқаррароти  моддаи 85 ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди  Олии иқтисодӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоят ва  шаҳри Душанбе ҳуқуқшиносе интихоб  ва таъйин мешавад, ки  синни ӯ аз 30  кам  ва аз 65 зиёд набошад. Судяи Суди  конститутсионӣ низ, тибқи моддаи 85  ҳуқуқшиносе  интихоб  мегардад,  ки  синни  ӯ аз  30  кам  ва аз 65 зиёд набошад.
Бо мақсади аз байн бурдани номутобиқатӣ ва фарқиятҳо тибқи  тағйиру иловаҳои ба Конститутсия пешниҳодшуда, синни ягона муқаррар гардидааст, ки комилан дуруст аст. Яъне, ҳангоми таъйин  ё  интихоб  шудани  аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили  Маҷлиси намояндагон, судяи  Суди  Олӣ,  Суди  Олии  иқтисодӣ, Суди  конститутсионӣ  ва  номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  синни 30  муқаррар  гардидааст. Ин муқаррароти лоиҳа  бо  назардошти таҳлилҳои  илмӣ  ва  оморӣ  бо он асоснок мегардад, ки  зиёда аз ҳафтод дарсади аҳолии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷавонон ташкил  медиҳанд, ки ин талабот низ қобили  дастгирист.
  Сафармо ИМОМЗОДА,
раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе,
номзади илмҳои ҳуқуқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2016    №: 92    Мутолиа карданд: 615

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед