logo

мулоқотҳо

ПАЗИРОИИ АННЕТ ДИКСОН ДАР ҚАСРИ МИЛЛАТ

13 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ хонум Аннет Диксонро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ гардид.
Дар мулоқот аз ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар давоми 23 соли охир, хусусан аз ҷониби гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани соҳаҳои гуногуни рушди Тоҷикистон, аз ҷумла, энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоиёт ва дастгирии буҷети давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гашт, ки дар тӯли солҳои шарикӣ бонк ба Тоҷикистон зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва ёрии техникӣ пешниҳод намуда, ҳоло лоиҳаҳои фаъоли он ба маблағи зиёда аз 350 миллион доллар дар бахшҳои кишоварзӣ, нақлиёт, идораи давлатӣ ва сиёсати иқтисодӣ, обтаъминкунӣ, бахши хусусӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳолати иҷроиш қарор доранд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид бар он дошт, ки ҳар як лоиҳаи якҷоя бо бонк татбиқшаванда боз як пешрафти дигар дар рушди бемайлони кишвар ва беҳтар гардондани сатҳи зиндагии мардум буда,  дар шароити таъсири ногувори омилҳои берунӣ, аз ҷумла таъсири буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб мераванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2016    №: 92    Мутолиа карданд: 5712

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед